https://sputnik.tj/20210627/varzish-zararovar-peshgiriu-klubho-tanzim-rahmonzoda-qonuni-nav-1040478738.html
Варзишҳои зӯроварона пешгирию фитнес-клубҳо танзим мешаванд: Раҳмонзода аз қонуни нав гуфт
Варзишҳои зӯроварона пешгирию фитнес-клубҳо танзим мешаванд: Раҳмонзода аз қонуни нав гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки иҷозат медиҳад, намудҳои зараровари варзиш ва тарғиби фарҳанги бегона дар клубҳои варзишӣ пешгирӣ шавад
2021-06-27T19:27+0500
2021-06-27T19:27+0500
2021-06-27T19:47+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қонун
парлумон
кумитаи ҷавонон
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/11/1030691104_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_8305f5bd4ef72a236271dd704d2f2ad9.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ва варзиши Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”- ро муаррифӣ кард.Раҳмонзода гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳаққи пешгирии намудҳои варзише медиҳад, ки зимни машғулият бо онҳо вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон зарар мебинад. “Пешгирӣ аз сарфи назар гардидани намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш, тарғиб намудани мафкура ва ақидаҳои фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзиш ва дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумлаи предмети танзими лоиҳаи қонуни мазкур мебошанд”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Кумита.Раҳмонзода ба вакилон гуфт, шумораи зиёди федератсияҳое ба вуҷуд омадааст, ки на фақат фаъолияти босамар надоранд, балки боиси бенизомӣ дар соҳа гардидаанд. Ӯ нигаронӣ кард, ки фаъолияти аксари ин федератсияҳо ба рушди намудҳои ғайриолимпии варзишӣ, инчунин, рушди намудҳои варзишие, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, равона гардидааст. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш афзуд, ки солҳои зиёд фаъолияти толорҳои хусусии варзишӣ, фитнес - клубҳо ва клубҳои дигари варзишӣ низ ба таври худкор ба роҳ монда шуда, дар ин раванд на фақат тарғиби намудҳои хусусияти зӯроваридошта, балки таблиғи фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасанд, ки зарурати танзими масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд овардааст.Раҳмонзода афзуд, дар лоиҳаи қонун бори аввал дарҷ гардидааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба намудҳои олимпӣ, ғайриолимпии эътирофшуда ва миллии варзишӣ афзалият медиҳад ва барои рушди онҳо талош меварзад. Ин муқаррарот имкон хоҳад дод, ки намудҳои афзалиятноки варзишӣ дар байни аҳолӣ бештар тарғиб карда шуда, дар мактабҳои варзишии давлатӣ танҳо аз рӯи онҳо гурӯҳҳои варзишӣ таъсис дода шаванд, таъкид кард ӯ. Маҷлиси намояндагон дар пайи муаррифӣ лоиҳаи қонуни мазкурро қабул намуд.
https://sputnik.tj/20210320/intikod-varzishgaron-tojik-kaziya-Nazarov-1033036860.html
https://sputnik.tj/20210624/namozu-imtihon-jahishi-balandi-eloni-ruzi-muhoriba-hasbulla-video-1040431637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/11/1030691104_4:0:912:681_1920x0_80_0_0_4a571a5b525e8b078b54c7efc059c363.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
варзиш, қонун, манъ, парлумон
варзиш, қонун, манъ, парлумон
Варзишҳои зӯроварона пешгирию фитнес-клубҳо танзим мешаванд: Раҳмонзода аз қонуни нав гуфт
19:27 27.06.2021 (Навсозишуда: 19:47 27.06.2021) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки иҷозат медиҳад, намудҳои зараровари варзиш ва тарғиби фарҳанги бегона дар клубҳои варзишӣ пешгирӣ шавад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ва варзиши Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”- ро муаррифӣ кард.
Раҳмонзода гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳаққи пешгирии намудҳои варзише медиҳад, ки зимни машғулият бо онҳо вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон зарар мебинад.
“Пешгирӣ аз сарфи назар гардидани намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш, тарғиб намудани мафкура ва ақидаҳои фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзиш ва дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумлаи предмети танзими лоиҳаи қонуни мазкур мебошанд”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Кумита.
Раҳмонзода ба вакилон гуфт, шумораи зиёди федератсияҳое ба вуҷуд омадааст, ки на фақат фаъолияти босамар надоранд, балки боиси бенизомӣ дар соҳа гардидаанд.
Ӯ нигаронӣ кард, ки фаъолияти аксари ин федератсияҳо ба рушди намудҳои ғайриолимпии варзишӣ, инчунин, рушди намудҳои варзишие, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, равона гардидааст.
"Ҷанбаи дигари ташвишовар дар он аст, ки новобаста ба надоштани саҳм дар тарбияи варзишгарони касбӣ, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои гуногуни ғайриҳирфавии варзишӣ тарғиб менамоянд, ки боис ба вайрон гардидани низоми муқарраргардида ва ҷароҳати ҷиддӣ бардоштани варзишгарон мешаванд”, - изҳори нигаронӣ кард раиси Кумита.
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш афзуд, ки солҳои зиёд фаъолияти толорҳои хусусии варзишӣ, фитнес - клубҳо ва клубҳои дигари варзишӣ низ ба таври худкор ба роҳ монда шуда, дар ин раванд на фақат тарғиби намудҳои хусусияти зӯроваридошта, балки таблиғи фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасанд, ки зарурати танзими масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд овардааст.
Раҳмонзода афзуд, дар лоиҳаи қонун бори аввал дарҷ гардидааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба намудҳои олимпӣ, ғайриолимпии эътирофшуда ва миллии варзишӣ афзалият медиҳад ва барои рушди онҳо талош меварзад. Ин муқаррарот имкон хоҳад дод, ки намудҳои афзалиятноки варзишӣ дар байни аҳолӣ бештар тарғиб карда шуда, дар мактабҳои варзишии давлатӣ танҳо аз рӯи онҳо гурӯҳҳои варзишӣ таъсис дода шаванд, таъкид кард ӯ.
Маҷлиси намояндагон дар пайи муаррифӣ лоиҳаи қонуни мазкурро қабул намуд.