Аз намозу имтиҳон то ҷаҳиши семетрии Абдурозиқ: эълони рӯзи муҳориба бо Ҳасбулло – видео

© Youtube / Avlod MediaТаджикский особенный мальчик- певец Абдурозик
Таджикский особенный мальчик- певец Абдурозик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Асҳаб Тамаев, блогери муқими Русия, дар саҳифааш хабар дод, ки иҷозати бузургони саробони Абдурозиқ ва Ҳасбуллоро ба даст овардаасту рӯзи 1 июл навраси тоҷик барои муҳориба бо ҳамтои доғистонияш ба Махачкала меояд.
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Блогер Асҳаб Тамаев мегӯяд, аллакай иҷозатро гирифтаанду рӯзи якуми июл Абдурозиқ ба Махачкала меояду ҳатман муҳорибааш бо Ҳасбулло баргузор мегардад.
Ӯ навори як рӯзи ҳаёти Абдурозиқро дар саҳифааш нашр кардааст, ки аз намози бомдод оғоз мешавад. Сипас Абдурозиқ ба машқ меравад ва лаҳзаҳои тамрини ӯ намоиш дода мешавад, ки аз муштзанӣ то оббозиро дар бар мегирад.
Абдурозиқ мегӯяд, дар оила ҳеч ситорае несту чун “хурди хона” корҳоеро анҷом медиҳад.
Ба суол, дар мавриди монандии Абдурозиқ ва Ҳасбулло ба Ҳабиб ва Конор навраси тоҷик посух дод, ки тамоми ҳаракатҳои рақибаш ба Конор мемонанд. Абдурозиқ мегӯяд, дар муноқишаи қаблӣ баъде, ки дастгоҳҳои наворбардориро хомӯш карданд, Ҳасбулло аз ӯ узр хост.
Навраси тоҷик афзуд, ки барояш пул он қадар муҳим нест. Ба суол, ки оё беҳтар нест, ки бо Ҳасбулло бародар шавад, Абдурозиқ посух дод, ки аввал бояд дар майдон барояш исбот кунад, ки ӯ ноҳақ аст ва баъдан шояд дӯст шаванд. Ҳамчунин дарсхонию имтиҳонсупорияшро намоиш медиҳанд.
Қади Ҳасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.
Хабарҳо дар мавриди муҳорибаи Абдурозиқ, овозхон ва блогери тоҷик, бо Ҳасбулло, блогери ҳамсолу ҳамқади доғистонияш мавриди таваҷҷуҳи теъдоди зиёди одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
Қади Ҳасбик 93 см ва вазнаш ҳудуди 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳудуди 17 кило вазн дорад.
Лентаи хабарҳо
0