https://sputnik.tj/20210627/taqdim-hona-osebdidaho-ofati-tabii-1040479380.html
Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс
Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба се оилаи зарардида аз офатҳои табиӣ хонаҳои навбунёд супорида шуданд 27.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-27T20:00+0500
2021-06-27T20:00+0500
2021-06-27T21:25+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хона
сохтмон
офат
табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040479278_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_81bac5194c7e953daf1d3e345288e1a5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, ноиби раиси Хатлон дар рӯзи таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба се оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти "Ифтихор" калиди хонаҳоро супорид. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, хонаҳое, ки дар маросими тантанавӣ супорида шуданд, дорои шароити мусоиди зист, асбоби рӯзгор, ҷевону ҷиҳози маишӣ буда, дар муддати кутоҳтарин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.Таъкид шудааст, ки сохтмони манзилҳои зисти дигар идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасанд.Бино ба иттилои Абдухолиқ Мусозода, муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯзҳо сохтмончиён ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик манзилҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешавад.Ӯ таъкид кард, ки амалан бунёди хонаҳо баъди дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, тайи муддати як моҳ маҳаллаи навбунёд сохта шуд. Маврид ба зикр аст, ки нимаи аввали моҳи май Тоҷикистонро боришоти шадид фаро гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо хона хароб гардиданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040479278_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_70424f6163487de54ae2f9a5a08c8e95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, хона, сохтмон, офат, табиӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, хона, сохтмон, офат, табиӣ
Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс
20:00 27.06.2021 (Навсозишуда: 21:25 27.06.2021) Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба се оилаи зарардида аз офатҳои табиӣ хонаҳои навбунёд супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, ноиби раиси Хатлон дар рӯзи таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба се оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти "Ифтихор" калиди хонаҳоро супорид.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, хонаҳое, ки дар маросими тантанавӣ супорида шуданд, дорои шароити мусоиди зист, асбоби рӯзгор, ҷевону ҷиҳози маишӣ буда, дар муддати кутоҳтарин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шудааст, ки сохтмони манзилҳои зисти дигар идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасанд.
Бино ба иттилои Абдухолиқ Мусозода, муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯзҳо сохтмончиён ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик манзилҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешавад.
Ӯ таъкид кард, ки амалан бунёди хонаҳо баъди дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, тайи муддати як моҳ маҳаллаи навбунёд сохта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи аввали моҳи май Тоҷикистонро боришоти шадид фаро гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо хона хароб гардиданд.