https://sputnik.tj/20210627/favt-zodruz-darguzashti-sobiq-noibi-sarvazir-duhtari-minhoj-ghulomov-1040473811.html
Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс
Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс
Sputnik Тоҷикистон
Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва яке аз табибони шинохтаи ҷумҳурӣ 27 июн дар зодрӯзаш дунёро падруд гуфт
2021-06-27T13:13+0500
2021-06-27T13:13+0500
2021-07-07T17:59+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
даргузашт
олим
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нигина Шаропова, ходими давлатӣ ва психиатр – наркологи шинохта, духтари олими барҷастаи тиб Минҳоҷ Ғуломов, дар синни 62-солагӣ дунёро тарк кард. Дар ин бора наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Иллати маргаш низ бемории роҳҳои нафас ва коронавирус гуфта мешавад, аммо мақомоти тандурустӣ расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд. Нигина Шаропова соли 1999 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуда, то соли 2004 ифои вазифа кардааст. Сипас ба ҳайси ҷонищини вазири тандурустӣ тайи солҳои 2004 - 2006 фаъолият намудааст. Бар асоси ҳолномаи Нигина Шаропова, ки дар Донишномаи озод нашр шудааст, ӯ фарзанди олими шинохтаи тибби Тоҷикистон, Минҳоҷ Ғуломов мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи Баширхон Исҳоқӣ, ректори вақти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино соли 1996 дар синни 66-солагӣ кушта шуд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст. Худи Шаропова низ касби падарро интихоб намуда, сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009), доктори илми тиб (2001), профессор (2005), “Аълочии ҳифзи тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003), узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустӣ ва узви Ассотсиатсияи “Занҳои олими Тоҷикистон” будааст.
https://sputnik.tj/20210627/qurbonii-covid-19-darguzasht-rohbaroni-javon-tojikstandart-1040472654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, фавт, ноиби сарвазир
даргузашт, фавт, ноиби сарвазир
Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс
13:13 27.06.2021 (Навсозишуда: 17:59 07.07.2021) Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва яке аз табибони шинохтаи ҷумҳурӣ 27 июн дар зодрӯзаш дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нигина Шаропова, ходими давлатӣ ва психиатр – наркологи шинохта, духтари олими барҷастаи тиб Минҳоҷ Ғуломов, дар синни 62-солагӣ дунёро тарк кард.
Дар ин бора наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Иллати маргаш низ бемории роҳҳои нафас ва коронавирус гуфта мешавад, аммо мақомоти тандурустӣ расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Нигина Шаропова соли 1999 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуда, то соли 2004 ифои вазифа кардааст. Сипас ба ҳайси ҷонищини вазири тандурустӣ тайи солҳои 2004 - 2006 фаъолият намудааст.
Бар асоси ҳолномаи Нигина Шаропова, ки дар Донишномаи озод нашр шудааст, ӯ фарзанди олими шинохтаи тибби Тоҷикистон, Минҳоҷ Ғуломов мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи Баширхон Исҳоқӣ, ректори вақти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино соли 1996 дар синни 66-солагӣ кушта шуд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст.
Худи Шаропова низ касби падарро интихоб намуда, сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009), доктори илми тиб (2001), профессор (2005), “Аълочии ҳифзи тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003), узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустӣ ва узви Ассотсиатсияи “Занҳои олими Тоҷикистон” будааст.