https://sputnik.tj/20210627/qabul-qonun-raisintihobkuni-tojikiston-mahal-1040475084.html
Қонуни нави раисшавӣ дар Тоҷикистон: “аз ҳамон маҳал бошад”
Қонуни нави раисшавӣ дар Тоҷикистон: “аз ҳамон маҳал бошад”
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонунгузории кишвар дар мавриди интихоби раисон дар маҳаллаҳоро қабул кард
2021-06-27T14:30+0500
2021-06-27T14:30+0500
2021-06-27T14:46+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
интихобот
раис
маҳаллаи беҳтарин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_0:25:1600:925_1920x0_80_0_0_536928cb341d687caa9e2a3455d14d6c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” тағйирот ворид кард, ки интихоби раисҳор ба танзим медарорад. Муҳаммад Шодиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси иловаҳо раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад: Бар асоси меъёрҳои ҷадид, шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад. Дар мавриди маҳаллаҳое, ки нав таъсис ёфтаанд, тавзеҳ дода шуд, ки ба онҳо талаботи истиқомат тайи 5 соли охир дар маҳалла рабт надорад. Ба гуфтаи Шодиён ин тағйирот ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ мухолисфат надорад ва маблағи иловагиро талаб намекунад. Дар пайи муаррифӣ Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкурро қабул кард.
https://sputnik.tj/20201006/hakimov-guft-dar-Tojikiston-amalhoi-etirozi-pas-az-intikhobot-gayriimkon-ast-1032033358.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_284:0:1517:925_1920x0_80_0_0_027c28faab47e1d0ccd166f11f91c99b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қабул, қонун, тағйирот, раис, парлумон, маҳалла
қабул, қонун, тағйирот, раис, парлумон, маҳалла
Қонуни нави раисшавӣ дар Тоҷикистон: “аз ҳамон маҳал бошад”
14:30 27.06.2021 (Навсозишуда: 14:46 27.06.2021) Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонунгузории кишвар дар мавриди интихоби раисон дар маҳаллаҳоро қабул кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” тағйирот ворид кард, ки интихоби раисҳор ба танзим медарорад.
Муҳаммад Шодиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси иловаҳо раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад:
“Забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад”, - иқтибос овард Шодиён аз меъёри нави қонун дар Тоҷикистон.
Бар асоси меъёрҳои ҷадид, шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад.
Дар мавриди маҳаллаҳое, ки нав таъсис ёфтаанд, тавзеҳ дода шуд, ки ба онҳо талаботи истиқомат тайи 5 соли охир дар маҳалла рабт надорад.
Ба гуфтаи Шодиён ин тағйирот ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ мухолисфат надорад ва маблағи иловагиро талаб намекунад. Дар пайи муаррифӣ Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкурро қабул кард.