ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон пас аз интихобот тазоҳурот нахоҳад шуд, изҳор дошт дар суҳбат бо РИА Новости сиёсатмадор, муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов.
"Амалҳои эътирозӣ ва гирдиҳамоии онҳое, ки аз натоиҷи интихоботи президентии Тоҷикистон норозианд, ғайриимкон аст", - гуфт Ҳакимов.
Ба гуфти ӯ аксари сокинони кишвар то ҳол ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 - ро дар ёд доранд.
Муовини раиси ҲСДТ ҳамчунин афзуд, ки мақомоти қудратӣ дар сурати сар задани тазоҳурот метавонанд зуд ташкилкунандагон ва идеологҳоро ҷазо диҳанд.
"Он имконоте, ки мақомоти қудратии кишвар дорад, сабаби дигари ғайриимкон будани тазоҳурот аст", - гуфт Ҳакимов.
Дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр интихоботи президентӣ баргузор мешавад.
Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард
Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.
Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.