Наздикон: “Профессор Шаропова ҳам қурбони коронавирус шудааст”

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва яке аз табибони шинохтаи ҷумҳурӣ 27 июн дар зодрӯзаш бар асари коронавирус даргузаштааст, мегӯянд наздиконаш
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нигина Шаропова, ходими давлатӣ ва психиатр – наркологи шинохта, духтари олими барҷастаи тиб Минҳоҷ Ғуломов, дар синни 62-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Ба иттилои наздикони Шаропова, ӯ аз бемории астма қаблан низ ранҷ мекашид ва ахиран гирифтори коронавирус шудааст. Мақомот расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи охир аз ҳолатҳои дигари фавт бар асари коронавирус хабарҳо нашр гардида буданд, аммо бар асоси оморе, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон нашр кардаанд, дар пайи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилорасонии Агентии Тоҷикстандарт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод. Аз он рӯз то 26 июн мақомоти тоҷик расман гирифтории ҳудуди 107 нафарро тасдиқ карданд, ки гуфта мешавад, қисме аз онҳо аллакай шифо ёфтаанд.
Нигина Шаропова, ки аз соли 1999 то соли 2004 дар мақоми муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва солҳои 2004 – 2006 ба ҳайси ҷонишини вазири тандурустӣ кор кардааст, то охири умраш дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи падараш, Минҳоҷ Ғуломов фаъолият доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки Нигина Шаропова духтари табиби шинохта Минҳоҷ Ғуломов мебошад. Ғуломов ҳамроҳи Баширхон Исҳоқӣ, ректори вақти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино соли 1996 дар синни 66-солагӣ кушта шуд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0