Дастрасии ройгон ба китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

© котиботи Донишгоҳи Осиёи МарказӣКитобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маҷмӯаи китобҳои мероси фарҳангиашро дар сомонаи расмии худ ройгон пешниҳоди омма кардааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маҷмӯаи китобҳои мероси фарҳангиашро дар сомонаи Донишгоҳ дар дастрасии ройгон қарор додааст.

Машина скорой помощи в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди ДОМ барои кумак ба осебпазирону мубориза бо COVID-19: кормандон қисми маошро доданд

Тибқи иттилои котиботи Донишгоҳ, мақолаҳои фарогири мавзӯҳои таърих ва мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ, Помир ва Қирғизистон ба забонҳои англисӣ, русӣ ва қирғизӣ дар дастраси умум мебошанд.

Манбаъ афзуд, китоби панҷҷилдаи “Санъати мусиқии Помир”, “Сурудҳои маросими дафни қирғизҳои Помир”, “Ривоятҳои таърихӣ ва этнографии чӯпонҳои қирғизи Узбекистони шӯравӣ”, “Осори бостонии Тян-Шан” ва “Таҳлил мусиқии Қирғизистон” аз ҷумлаи китобҳои дастрас мебошанд. Панҷ мақолаи таҳқиқии Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарӣ низ барои боргирии ройгон дастрасанд.

Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва пажуҳишгар бо китоби Тоҷикони водии Хуф дар даст - Sputnik Тоҷикистон
Аз Хоруғ ба Душанбе: роҳи Аламшоев барои гирифтани китоби нодири "Тоҷикони водии Хуф"

Ин маҷмӯаи китобҳо ба тарвиҷи шинохти фарҳангҳо ва наслҳо ва дастгирии пажуҳишгарони Осиёи Марказӣ дар заминаи анҷом додани таҳқиқотҳои босифат ва аслӣ, нашр ва тавзеъ намудани корҳои онҳо барои мухотабони минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд. Инчунин метавонед китобҳои мазкурро аз Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ харидорӣ кунед.

Намояндагони донишҳои суннатӣ дар ҳоли куҳансол шудан ҳастанд ва ин раванд дар канори падидаҳои дигар ба монанди манбаъҳои маҳдуд, муҳоҷират ва таъсироти хориҷӣ ин донишҳоро зери хатар мегузорад. Кумак ба мардуми Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳифзи суннатҳо ва мероси ғании фарҳангӣ ба унвони дороӣ барои оянда яке аз рисолатҳо муҳими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад, ки ин маҷмӯаи китобҳо ва мақолаҳои пажуҳишӣ дар ин росто нақши бузург доранд.

Лентаи хабарҳо
0