Сӯиқасд ба Дӯстум ва писараш: харбузаи заҳрдорро ба онҳо кӣ дод?
14:29 26.06.2021 (Навсозишуда: 16:00 26.06.2021)
© Дафтари матбуотии Ҷунбиши миллии исломии АфғонистонМаршали узбектабори Афғонистон Абдурашид Дӯстум
© Дафтари матбуотии Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон
Обуна шудан
Бо гузашти як ҳафта аз интиқоли маршал Абдурашид Дӯстум ба Туркия тафсилоти хеле такондиҳандае аз маризии ӯ ошкор мешавад. Ин фарзия ба вуҷуд омадааст, ки ба ӯву писараш заҳр додаанд
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли наздикони маршал Дӯстум мегӯянд, се ҳафтаи пеш, замоне, ки ӯ бо иттифоқи писараш Ҳоҷӣ Ёрмуҳаммад дар вулусволии Оқча ҷанг мекард, пас аз адои ғизои зуҳр вазъи сиҳатии ҳарду бад шудааст.
“Ба зудӣ духтурон маълум карданд, ки ҳарду масмум шудаанд ва эҳтимолан заҳр дар харбузае будааст, ки аз бозор харидорӣ шуда буд. Ҳамон лаҳза онҳоро ба Шибирғон интиқол доданд. Ҷабҳаи Оқча ҳам бидуни онҳо дер напоид ва суқут кард”, - гуфтаанд онҳо.
Ҳамон рӯзҳо дар Шибирғон овоза меафтад, ки Ҳоҷӣ Ёрмуҳаммад захми сабук бардошта, ба Тошканд интиқол ёфтааст, аммо аз сиҳатии маршал Дӯстум ҳеҷ хабаре ба берун, бавижа расонаҳо, дарз накард.
“Ҳамон лаҳза маршал дастур дод, ки хабари маризии ӯро пинҳон кунанд, то руҳияи размандагонаш, ки дар вулусволиҳо бо Толибон меҷангиданд, заъиф нашавад. Як вазъи хатарноке пеш омада буд. Агар ин хабар ба ҳамон зудӣ расонаӣ мешуд, суқути Ҷузҷон хеле ба содагӣ иттифоқ меафтод”, - мегӯянд наздикони Дӯстум.
Ба қавли онҳо, заҳре, ки барои масмум кардани Дӯстуму писараш истифода шудааст, дертаъсир буда, духтурон гуфтаанд, онро аз бадани маршал шустушӯ кардаанд, аммо як табобати ҷиддӣ ҳам кор аст.
© Дафтари матбуотии Ҷунбиши миллии исломии АфғонистонСарҳанг Ҳоҷӣ Ёрмуҳаммад, писар ва бозуи низомии Дӯстум.
Сарҳанг Ҳоҷӣ Ёрмуҳаммад, писар ва бозуи низомии Дӯстум.
© Дафтари матбуотии Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон
“Худи маршал гуфт, ки талош кунанд, дар ҳамин ҷо сиҳат ёбад, дар акси ҳол, интиқоли ӯ ба хориҷаро мардум ҳамчун фирор қабул мекунанд ва ин ҳам ба рӯҳияи мардум таъсир мерасонад. Маршал то 17 июн тоқат кард ва ҳолаш беҳбуд ёфт, аммо пайвандон гуфтанд, ки барои пурра тоза кардани бадани ӯ аз заҳр ҳатман бояд ба хориҷа равад”, - гуфтанд наздикони Дӯстум.
Дар ин робита дафтари ӯ бо Туркия тамос мегирад ва аз он кишвар як тайёра ба манзури интиқоли ӯ ба Шибирғон меояд, аммо ба далели хурд будани фурудгоҳи шаҳр нишаст карда натавониста, ба Тошканд меравад.
“Мо оҷил аз корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои коммандои вазорати дифоъи Афғонистон чархбол талаб кардем. Ду чархбол ба зудӣ омада, маршалро ба Тошканд интиқол доданд ва ӯ аз он ҷо ба Туркия рафт”, - гуфтанд наздикони Дӯстум.
Интиқоли Дӯстум ба Туркия он шабу рӯз гуфтугузори зиёдеро ба по кард. Башир Аҳмад Таянҷ, вазири кору умури иҷтимоии Афғонистон, яке аз наздикони Дӯстум, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки маршал барои ширкат дар Форуми дипломатияи Анталия рафтааст.
Он шабу рӯз дар шаҳри Анталияи Туркия, воқеан, як нишасти бузурге бо ширкати раҳбарон, сарвазирон ва вазирони хориҷии ҳозиру собиқи кишварҳо, намояндагони созмонҳои минтақаиву байнулмилалӣ, коршиносон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии беш аз 50 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, дар ҷараён буд, аммо номи маршал Абдурашид Дӯстум дар феҳристи ширкаткунандагон набуд.
Баъдтар манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли фарзандони ӯ - Ботур Дӯстум ва Роҳила Дӯстум, гуфтанд, ки воқеан, вазъи падарашон ду ҳафтаи қабл ба вахомат гароида, шакар ё қанди ӯ баланду бесубот шуд ва алоими “вируси корона” дар ӯ дида шуда буд, аз ин хотир, аввал бистарӣ, сипас, ба хориҷа интиқол ёфт.
Ҳоҷӣ Ёрмуҳаммад баъдтар ба Кобул, ки аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад, омада, ин ҷо низ аз ташхиси духтурон гузашт ва пас аз панҷ рӯз дигарбора ба майдони ҷанг дар Ҷузҷон баргаштааст. Ҳоло дар вулусволии Хоҷа Дукуҳ бо афродаш алайҳи Толибон меҷангад.
Ӯ бозуи ҷангии Дӯстум ва ба эҳтимоли зиёд, ҷойгузини ӯ дар раҳбарии ӯзбекҳо хоҳад буд. Аз сӯе ҳам, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар миёни мардуми турктабор ба далели шуҷоат ва хоксориву ахлоқи некаш маҳбубияти зиёд дорад.
“Ҳазфи Дӯстум ва писараш Ёрмуҳаммад тамоми муҳосибаҳоро дар Шимол барҳам мезад ва миёни турктаборон халои раҳбариву парешонии қавмиро ба вуҷуд меовард. Эҳтимолан, сӯиқасд ба ҷони ӯ кори дасти ҳарифони дохилиаш аз миёни турктаборон аст, ки ин ҷо номҳояшонро намеорем”, - гуфт Мурод Алморӣ, яке аз огаҳони маҳаллӣ.
Наздикони Дӯстум мегӯянд, дар робита бо масмум сохтани Дӯстуму писараш чанд нафар аз атрофиён, ба шумули ходимони ошпазхона, таҳти таҳқиқ қарор гирифтаанд, аммо гунаҳкори асосӣ ва супоришгарон ҳанӯз дақиқ нашудаанд.
Ба қавли онҳо, ҳоло Дӯстум дар Туркия таҳти тадовӣ буда, хатаре барои зиндагиаш нест ва рӯзҳои наздик ба Афғонистон бархоҳад гашт. Абдуррашид Дӯстум, асосгузор ва раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон ва аввалин маршали ӯзбекҳои ҷаҳон аст. Ӯ ин рутбаро соли гузашта ба даст оварда буд. Вай аз ибтидои солҳои 90 – ум ба ин сӯ як раҳбари биловаз ва пурнуфузтарини турктаборон ва дар умум Афғонистон ба шумор меояд.