https://sputnik.tj/20210626/parvandai-qatl-floyd-poyon-pulis-zindon-1040463531.html
Парвандаи пурсарусадои қатли Ҷорҷ Флойд поён ёфт: пулис 22,5 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи пурсарусадои қатли Ҷорҷ Флойд поён ёфт: пулис 22,5 сол равонаи зиндон шуд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Додгоҳи Миннеаполис афсари собиқи полис Дерек Шовинро барои куштори афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд 22,5 сол равонаи зиндон кард. 26.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-26T13:38+0500
2021-06-26T13:38+0500
2021-08-10T14:43+0500
има
маҳкум ба зиндон
ҳукм
пулис
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Додгоҳи Миннеаполис афсари собиқи полис Дерек Шовинро барои куштори афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд 22,5 сол равонаи зиндон кард.Раванди додгоҳро шабакаҳои телевизионии Амрико намоиш доданд. Додрас Питер Каҳилл гуфт, ки ҳукм на бар асоси афкори умум ва "на бар эҳсосот ва ҳамдардӣ" асос ёфтааст. Вай ба оилаи марҳум изҳори тасаллият кард. Ба Шовин рӯ оварда додрас гуфт, ки вай ӯро ба мӯҳлате маҳкум мекунад, ки даҳ сол бештар аз онест, ки қонун барои чунин ҷиноёт пешбинӣ мекунад (150 моҳи зиндон)."Ин (қарор. - Таҳрир) ба сӯиистифода аз нерӯ ва эътимоди шумо, инчунин бераҳмии мушаххасе, ки нисбати Ҷорҷ Флойд нишон додаед, асос ёфтааст", - илова кард Каҳилл.Қаблан додситонӣ барои айбдоршаванда 30 соли зиндон дархост кард. Тавре ки муовини прокурори генералии Миннесота Мэттю Франк изҳор дошт, ӯ дар ҳузури кӯдакон бераҳмона, киноякорона амал карда, меъёрҳои рафтори полисро вайрон кард.Худи Шовин ба хонаводаи Флойд изҳори тасаллият кард, аммо узр нахост.Ёдовар мешавем, ки Ҷорҷ Флойд бо як бераҳмӣ аз ҷониби кормандони пулиси Амрико кушта шуд. Се пулиси тануманд Флойдро ба замин хобонда, яке аз онҳо бо ҳар ду пой гарданашро зер мекард. Флойд ҳарчанд ба душворӣ изҳор медошт, ки нафасгир шуда истодааст, аммо ба сухани ӯ ҳеҷ тан аз кормандони пулис гӯш надод. "Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видеоТанҳо пас аз беҳуш шудан, се корманди пулис аз болои ӯ бархостанд.Зимнан, пас аз хабари даргузашти Флойд садҳо ҳазор одамони норизо даст ба эътироз заданд. Дар бисёр кишварҳо амалҳои зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии полис баргузор мешаванд.Садҳо нафар бо шиорҳои "Ман нафас гирифта наметавонам" ва "Адолат нест, сулҳ нест" ба кӯчаҳо дар Нидерландия, Испания, Аргентина, Британияи Кабир ва Олмон баромаданд. Дар Юнон эътирозгарон дар назди консулгарии Амрико парчами ИМА-ро оташ заданд.
https://sputnik.tj/20200606/huzuri-sadho-nafar-dar-marosimi-vido-bo-jorj-Floyd-video-1031371450.html
https://sputnik.tj/20200605/Man-Floyd-astam-etirozo-IMA-ba-tamomi-shudand-1031368996.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, маҳкум ба зиндон, ҳукм, пулис, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
има, маҳкум ба зиндон, ҳукм, пулис, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Додгоҳи Миннеаполис афсари собиқи полис Дерек Шовинро барои куштори афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд 22,5 сол равонаи зиндон кард.
Раванди додгоҳро шабакаҳои телевизионии Амрико намоиш доданд.
Додрас Питер Каҳилл гуфт, ки ҳукм на бар асоси афкори умум ва "на бар эҳсосот ва ҳамдардӣ" асос ёфтааст. Вай ба оилаи марҳум изҳори тасаллият кард.
Ба Шовин рӯ оварда додрас гуфт, ки вай ӯро ба мӯҳлате маҳкум мекунад, ки даҳ сол бештар аз онест, ки қонун барои чунин ҷиноёт пешбинӣ мекунад (150 моҳи зиндон).
"Ин (қарор. - Таҳрир) ба сӯиистифода аз нерӯ ва эътимоди шумо, инчунин бераҳмии мушаххасе, ки нисбати Ҷорҷ Флойд нишон додаед, асос ёфтааст", - илова кард Каҳилл.
Қаблан додситонӣ барои айбдоршаванда 30 соли зиндон дархост кард. Тавре ки муовини прокурори генералии Миннесота Мэттю Франк изҳор дошт, ӯ дар ҳузури кӯдакон бераҳмона, киноякорона амал карда, меъёрҳои рафтори полисро вайрон кард.
Худи Шовин ба хонаводаи Флойд изҳори тасаллият кард, аммо узр нахост.
Ёдовар мешавем, ки Ҷорҷ Флойд бо як бераҳмӣ аз ҷониби кормандони пулиси Амрико кушта шуд. Се пулиси тануманд Флойдро ба замин хобонда, яке аз онҳо бо ҳар ду пой гарданашро зер мекард. Флойд ҳарчанд ба душворӣ изҳор медошт, ки нафасгир шуда истодааст, аммо ба сухани ӯ ҳеҷ тан аз кормандони пулис гӯш надод.
Танҳо пас аз беҳуш шудан, се корманди пулис аз болои ӯ бархостанд.
Зимнан, пас аз хабари даргузашти Флойд садҳо ҳазор одамони норизо даст ба эътироз заданд. Дар бисёр кишварҳо амалҳои зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии полис баргузор мешаванд.
Садҳо нафар бо шиорҳои "Ман нафас гирифта наметавонам" ва "Адолат нест, сулҳ нест" ба кӯчаҳо дар Нидерландия, Испания, Аргентина, Британияи Кабир ва Олмон баромаданд. Дар Юнон эътирозгарон дар назди консулгарии Амрико парчами ИМА-ро оташ заданд.