https://sputnik.tj/20210625/zanon-bozdoshtshuda-nohiya-jrasulovro-qirghiziston-raho-1040448838.html
Раҳоии занони мардикори тоҷик дар Қирғизистон: сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд
Раҳоии занони мардикори тоҷик дар Қирғизистон: сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи гуфтушуни мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 14 зан аз ноҳияи Ҷ. Расулов, ки ҳангоми кори кироя дар заминҳо, дирӯз барои убури ғайриқонунии марз дар Қирғизистон боздошт гардида буданд, раҳо шудаанд
2021-06-25T17:09+0500
2021-06-25T17:09+0500
2021-06-25T18:33+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
амният ва мудофиа
раҳоӣ
қирғизистон
сарҳадбонон
боздошт
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/43/1026174387_0:0:1290:726_1920x0_80_0_0_c7115dbcf69e55916535fa851ba85e57.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Манобеи наздик ба ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, таъйид намуданд, ки занон кироякор баъди чанд дақиқаи боздошт аллакай раҳо шудаанд. Манбаъ афзуд, ин гурӯҳи занон аз 14 нафар иборат буда, сокинони маҳаллаҳои Тоҷикобод ва Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, машғули кори саҳро бехабар сарҳадро убур кардаанд. “Нисбати ҳеҷ яке аз онҳо протоколи ҷаримавӣ тартиб дода нашудааст. Ҳоло ҳамаи онҳо, дар хонаҳояшон қарор доранд. Вазъи марз ором аст”, - гуфт манбаъ. Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 54 километр марз дорад. Зуҳри 24 июн хабаргузориҳои Қирғизистон дар бораи боздошти як гурӯҳ занон - шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аснои кор дар заминҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Хабаргузории 24 kg бо нашри як видое навишт, ки ин занон гӯё дар заминҳои ҷамоати Қулундуи ноҳияи Бодканд ба кори кироя дар заминҳо машғул шудаанд. “Мо онҳоро дар заминҳои деҳаи Оқ-Ариқ боздошт кардем. Онҳоро шаҳрванди Қирғизистон бо мошини худ “Портер” овардааст”, - омадааст дар хабар. Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрел, марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон сар аз 24 май ба ин тараф баста аст.
https://sputnik.tj/20210624/bozdosht-zanon-mardikor-tojik-bordon-moshin-qirghiz-video-1040426455.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/43/1026174387_161:0:1129:726_1920x0_80_0_0_1b5e7584b23a24a30f5e97ae7a8b6986.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занон боздоштшуда ҷаббор расулов қирғизистон раҳо
занон боздоштшуда ҷаббор расулов қирғизистон раҳо
Раҳоии занони мардикори тоҷик дар Қирғизистон: сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд
17:09 25.06.2021 (Навсозишуда: 18:33 25.06.2021) Дар пайи гуфтушуниди мақомоти марзбонии тоҷику қирғиз ҳудуди 14 зани боздоштшуда аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар Қирғизистон кори кироя ё ба истилоҳ мардикорӣ мекардаанд, раҳо шуданд
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Манобеи наздик ба ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, таъйид намуданд, ки занон кироякор баъди чанд дақиқаи боздошт аллакай раҳо шудаанд.
“Дар пайи гуфтушуниди мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак, дирӯз баъди ҳамагӣ 10 дақиқаи боздошт ин гурӯҳи занон озод карда шудаанд”, - гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҷ. Расулов.
Манбаъ афзуд, ин гурӯҳи занон аз 14 нафар иборат буда, сокинони маҳаллаҳои Тоҷикобод ва Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, машғули кори саҳро бехабар сарҳадро убур кардаанд.
“Нисбати ҳеҷ яке аз онҳо протоколи ҷаримавӣ тартиб дода нашудааст. Ҳоло ҳамаи онҳо, дар хонаҳояшон қарор доранд. Вазъи марз ором аст”, - гуфт манбаъ.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 54 километр марз дорад.
Зуҳри 24 июн хабаргузориҳои Қирғизистон дар бораи боздошти як гурӯҳ занон - шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аснои кор дар заминҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Хабаргузории 24 kg бо нашри як видое навишт, ки ин занон гӯё дар заминҳои ҷамоати Қулундуи ноҳияи Бодканд ба кори кироя дар заминҳо машғул шудаанд.
“Мо онҳоро дар заминҳои деҳаи Оқ-Ариқ боздошт кардем. Онҳоро шаҳрванди Қирғизистон бо мошини худ “Портер” овардааст”, - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрел, марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон сар аз 24 май ба ин тараф баста аст.