https://sputnik.tj/20210624/bozdosht-zanon-mardikor-tojik-bordon-moshin-qirghiz-video-1040426455.html
Боздошти занони мардикори тоҷик дар бордони мошин аз сӯи дружиначиёни қирғиз - видео
Боздошти занони мардикори тоҷик дар бордони мошин аз сӯи дружиначиёни қирғиз - видео
Sputnik Тоҷикистон
Занони боздоштшуда дар заминҳои ҷамоати Кулунду ҳамчун мардикор меҳнат мекарданд
2021-06-24T18:30+0500
2021-06-24T18:30+0500
2021-06-24T18:39+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
видео
дар тоҷикистон
қирғизистон
боздошт
марз
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040426431_3:0:2522:1417_1920x0_80_0_0_1546ba2a1f92222eb9df0c39b6a35212.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд гуруҳҳои мардумӣ занони тоҷикро боздошт намуданд, менависад хабаргузории 24 kg.Манбаъ бо нашр намудани як навор афзудааст, ки чанд нафар бонувони тоҷик ғайриқонунӣ марзи Қирғизистонро убур кардаанд, ки дар натиҷа боздошт шуданд. Гуфта мешавад, занони тоҷик дар заминҳои ҷамоати Кулунду ба мардикорӣ машғул буданд.Манбаъ меафзояд, ҳамасола занони тоҷик дар заминҳои деҳаҳои Қирғизистон мардикорӣ мекарданд, аммо пас аз ҳодисаҳои баҳори имсол марз миёни ин ду кишвар комилан баста шуд.Дар хабар ҷониби Тоҷикистон ба он муттаҳам шуд, ки гӯё дилхоҳ шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии марз дастгир мекунад."Аммо чашми милисаҳои қирғиз дар қиболи ин гуна ҳодисаҳо пӯшида аст", - таъкид мешавад дар хабар.Зимнан, дар Раёсати умури дохилаи вилояти Ботканд гуфтаанд, ки ин масъаларо таҳқиқ мекунанд. То нашр шудани ин матлаб ҷониби Тоҷикистон масъалаи боздошт шудани чандин занони тоҷик дар қаламрави Қирғизистонро шарҳ надод.Ёдовар мешавем, ки марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 май ба ин сӯ баста аст.
https://sputnik.tj/20210618/qirghiziston-kishvar-ravodid-1040288446.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040426431_318:0:2207:1417_1920x0_80_0_0_9cdb7e8e0af5e736999ab1cf1982b99d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тоҷикистон, марз, боздошт, занон тоҷик
қирғизистон, тоҷикистон, марз, боздошт, занон тоҷик
Боздошти занони мардикори тоҷик дар бордони мошин аз сӯи дружиначиёни қирғиз - видео
18:30 24.06.2021 (Навсозишуда: 18:39 24.06.2021) Занони боздоштшуда дар заминҳои ҷамоати Кулунду ҳамчун мардикор меҳнат мекарданд
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд гуруҳҳои мардумӣ занони тоҷикро боздошт намуданд, менависад хабаргузории 24 kg.
Манбаъ бо нашр намудани як навор афзудааст, ки чанд нафар бонувони тоҷик ғайриқонунӣ марзи Қирғизистонро убур кардаанд, ки дар натиҷа боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, занони тоҷик дар заминҳои ҷамоати Кулунду ба мардикорӣ машғул буданд.
“Мо онҳоро дар заминҳои деҳаи Оқ- Ариқ боздошт кардем. Онҳоро шаҳрванди Қирғизистон бо мошини худ “Порте” овардааст”, - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҳамасола занони тоҷик дар заминҳои деҳаҳои Қирғизистон мардикорӣ мекарданд, аммо пас аз ҳодисаҳои баҳори имсол марз миёни ин ду кишвар комилан баста шуд.
Дар хабар ҷониби Тоҷикистон ба он муттаҳам шуд, ки гӯё дилхоҳ шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии марз дастгир мекунад.
"Аммо чашми милисаҳои қирғиз дар қиболи ин гуна ҳодисаҳо пӯшида аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, дар Раёсати умури дохилаи вилояти Ботканд гуфтаанд, ки ин масъаларо таҳқиқ мекунанд.
То нашр шудани ин матлаб ҷониби Тоҷикистон масъалаи боздошт шудани чандин занони тоҷик дар қаламрави Қирғизистонро шарҳ надод.
Ёдовар мешавем, ки марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 май ба ин сӯ баста аст.