https://sputnik.tj/20210625/shumora-giriftoron-koronavirus-tojikiston-1040454357.html
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
2021-06-25T20:50+0500
2021-06-25T20:50+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928782_0:0:2811:1582_1920x0_80_0_0_c0c1ce0d013a1b58dd848e10dfce216f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзҳои гузашта бештар аст.Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.Ҳамчунин 14 нафар пас аз табобат шифо ёфтаанд.Ин дар ҳолест, ки 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолат, 23 ва 24 июн - 18 ҳолатӣ гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210624/muhandis-nerugoh-norak-koronavirus-darguzasht-1040430675.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928782_107:0:2610:1877_1920x0_80_0_0_7369c552befb027e7750f4f1e221f492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
20:50 25.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзҳои гузашта бештар аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба 21 нафар расида, дар умум ба 13392 нафар баробар шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин 14 нафар пас аз табобат шифо ёфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолат, 23 ва 24 июн - 18 ҳолатӣ гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.