Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Муҳандисе, ки нерӯгоҳи Норакро сохт, аз коронавирус даргузашт

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Муҳандиси рус Юрий Севенард дар синни 87-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Муҳандиси гидроэлектрикии Русия Юрий Севенард аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора ба Интерфакс писараш хабар додааст.
"Падари ман ногаҳон дар беморхонаи Одинтсово, ки дар наздикии Маскав аст, даргузашт. Ӯ бо бемории коронавирус бистарӣ шуда буд", - гуфт Константин Севенард.
Муҳандиси барҷаста 86 сол дошт. Ба ӯ муяссар гардид, ки дар сохтмони бисёри иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ширкат намояд.
Юрий Севенард дар Қазоқистон дар оилаи муҳандиси гидротехник ва духтари балеринаи машҳур таваллуд шудааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти нахустин роҳбари сохтмони "Роғун" дар Маскав аз коронавирус
Яке аз лоиҳаҳое, ки муҳандис дар он кор кардааст, НБО Норак буд. Вай инчунин дар Красноярск, Миср дар сохтмони иншоотҳо саҳм дошт, ҳамчунин дар Санкт-Петербург бар сари як комплекси муҳофизатӣ барои ҳифозат обхезиҳо кор кард.
Юрий Севенард дар соҳаи гидротехникӣ 15 ихтироот кашф кардааст.
Дар тӯли фаъолияташ дар Осиёи Миёна, ӯ ҳамчун аъзои бюрои кумитаи шаҳри Нораки Ҳизби комунисти Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Юрий Севенард аз рӯи ихтисоси худ дар Маскав фаъолият мекард.
Лентаи хабарҳо
0