https://sputnik.tj/20210625/safir-tolibon-marz-tojikiston-naqsha-1040449181.html
Сафир: Толибон ҳадафе дар мавриди марзи Тоҷикистон надоранд
Сафир: Толибон ҳадафе дар мавриди марзи Тоҷикистон надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи корпуси дипломатии Афғонистон дар Русия шарҳ дод, ки ишғоли марз аз ҷониби Толибон ба Тоҷикистон чӣ паёмад дорад
2021-06-25T17:30+0500
2021-06-25T17:30+0500
2021-06-25T17:38+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/16/1027221682_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_de54c71928924f7c6e0988da51571efd.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон набояд аз ҳуҷум ва забти марз аз ҷониби Толибон* дар ҳарос бошад, гуфт сафири Афғонистон дар Русия, Сайид Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон.Дипломат шарҳ дод, ки борҳо низомиёни афғон ба кадом иллате ин ё он минтақаи Афғонистонро тарк ва Толибон онро забт мекунанд. Аммо бо гузашти чанде, он минтақа боз таҳти контроли неруҳои ҳукуматӣ қарор мегирад.Сафир ҳамчунин илова намуд, ки пирӯзии муваққати Толибон ҳеҷ гоҳ ба тағйири қудрат анҷом намеёбад."Дар 20 соли ҷанг Толибон ҳатто ба минтақаҳои зери тобеи худ ягон беҳбудӣ наоварданд, на дар соҳаи маориф ва на тандурустӣ", - афзудаст ӯ.Ба таъкиди Ҷавод, ҳукумати Афғонистон аз чунин сурат гирифтани кор нигарон нестанд, зеро онҳо медонанд, ки Толибон барои тағйир додани режим қодир нестанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июн Толибон Шерхон Бандарро забт намуданд, ки дар натиҷа 134 низомии афғон барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.Ҳукумати Афғонистон теъдоди кушташудаву маҷрӯҳ ва ҳамзамон асирони задухӯрди ахирро 100 нафар рақам заданд.Феълан равуой дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон комилан баста аст.*Толибон - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210625/afghoniston-rusiya-om-darhost-tolibon-muzokirot-1040446041.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/16/1027221682_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_563f9aed135531cc77825a92667bf74f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, сафир
толибон, афғонистон, сафир
Сафир: Толибон ҳадафе дар мавриди марзи Тоҷикистон надоранд
17:30 25.06.2021 (Навсозишуда: 17:38 25.06.2021) Намояндаи корпуси дипломатии Афғонистон дар Русия шарҳ дод, ки ишғоли марз аз ҷониби Толибон ба Тоҷикистон чӣ паёмад дорад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон набояд аз ҳуҷум ва забти марз аз ҷониби Толибон* дар ҳарос бошад, гуфт сафири Афғонистон дар Русия, Сайид Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон.
Дипломат шарҳ дод, ки борҳо низомиёни афғон ба кадом иллате ин ё он минтақаи Афғонистонро тарк ва Толибон онро забт мекунанд. Аммо бо гузашти чанде, он минтақа боз таҳти контроли неруҳои ҳукуматӣ қарор мегирад.
"Агар ҳукумати Афғонистон онро барнагардонад ҳам, Толибон барномаи мушаххасе ҳам надоранд, ки чӣ сон ин минтақаи марзиро идора кунанд", - шарҳ дод Ҷавод.
Сафир ҳамчунин илова намуд, ки пирӯзии муваққати Толибон ҳеҷ гоҳ ба тағйири қудрат анҷом намеёбад.
"Дар 20 соли ҷанг Толибон ҳатто ба минтақаҳои зери тобеи худ ягон беҳбудӣ наоварданд, на дар соҳаи маориф ва на тандурустӣ", - афзудаст ӯ.
Ба таъкиди Ҷавод, ҳукумати Афғонистон аз чунин сурат гирифтани кор нигарон нестанд, зеро онҳо медонанд, ки Толибон барои тағйир додани режим қодир нестанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июн Толибон Шерхон Бандарро забт намуданд, ки дар натиҷа 134 низомии афғон барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
Ҳукумати Афғонистон теъдоди кушташудаву маҷрӯҳ ва ҳамзамон асирони задухӯрди ахирро 100 нафар рақам заданд.
Феълан равуой дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон комилан баста аст.
*Толибон - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия