Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Асос надорад: Кумитаи дин дар бораи ваксингирии ҳатмии намозгузорон

© Sputnik / Амир ИсаевНамаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Ваксингирӣ барои намозгузорон ҳатмӣ набуда, хоҳишмандон метавонанд пас аз адои намоз дар наздикии марказҳои саломатӣ алайҳи коронавирус эм гиранд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди роҳ надодани намозгузорон бидуни эм ба масҷидҳо баланд шудааст.
Тибқи маълумоти бархе расонаҳои дохилӣ, аз намозгузорон қабл аз вуруд шудан ба масҷид шаҳодатномаи эмро талаб мекунанд. Дар сурати мавҷуд набудани ин ҳуҷҷат онҳо аз ҳаққи дохил шудан ба масҷиду гузоштани намоз маҳрум мегарданд.
Аммо Афшин Муким, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сару садоҳо асос надоранд ва чунин тасмим ҳам аз ҷониби Кумита рӯи даст гирифта нашудааст.
Вакцинация. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд
Ӯ гуфт, ваксингирӣ ихтиёрист ва ҳеҷ намозгузор барои надоштани ҳуҷҷати эм аз дари масҷид пеш намешавад.
Ба таъкиди Афшин, хоҳишмандон имкон доранд, пас аз адои намоз ба марказҳои саломатие, ки назди масҷидҳо мавҷуданд, рафта худро алайҳи коронавирус эм кунанд.
Дар ҳамин ҳол, сар аз 24 июн дар шаҳри Душанбе маъракаи эмгузаронии сокинони аз 18 - сола боло пиёда гардид.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳадафи ваксиназаниро ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус рабт дод.
"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ зимни як ҷасалааш рӯзи 23 июн сохторҳои тандурустии шаҳрро вазифадор кард, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зидди COVID-19 пурзӯр намуда, барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.
Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин маризӣ дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳамин тавр, давоми чаҳор рӯз дар Тоҷикистон 63 нафар гирифтори вируси COVID - 19 шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0