https://sputnik.tj/20210625/dushanbe-vaksinazani-afrod-18-sola-oghoz-1040436547.html
Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд
Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамаи афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус ваксина зада мешаванд.
2021-06-25T10:41+0500
2021-06-25T10:41+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар душанбе
эмгузаронӣ
ваксина
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:706:1383:1483_1920x0_80_0_0_aa3efed9bb3ec495d48d3d1e6d966ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳадафи ваксиназанӣ пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус мебошад.Ин ниҳод гуфтааст, ки ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло 24 июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. "Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ зимни як ҷасалааш рӯзи 23 июн сохторҳои тандурустии шаҳрро вазифадор кард, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зидди COVID-19 пурзӯр намуда, барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин вабои аср дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.Ҳамин тавр, давоми чаҳор рӯз дар Тоҷикистон 63 нафар гирифтори вируси корона шудааст.
https://sputnik.tj/20210624/muhandis-nerugoh-norak-koronavirus-darguzasht-1040430675.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:576:1383:1613_1920x0_80_0_0_a3a5faf067d59f34ac6660eff8d72dba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ваксиназанӣ афрод 18-сола коронавирус
душанбе ваксиназанӣ афрод 18-сола коронавирус
Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд
10:41 25.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ҳамаи афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус ваксина зада мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳадафи ваксиназанӣ пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус мебошад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло 24 июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ зимни як ҷасалааш рӯзи 23 июн сохторҳои тандурустии шаҳрро вазифадор кард, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зидди COVID-19 пурзӯр намуда, барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.
Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин вабои аср дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳамин тавр, давоми чаҳор рӯз дар Тоҷикистон 63 нафар гирифтори вируси корона шудааст.