Ҳушдори ҳавошиносон аз 5 рӯзи гарми тоқатфарсо ва хатари селрезӣ дар Тоҷикистон

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Дар чунин рӯзҳои гарм ба мардум сайругашт дар фазои кушод тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик аз гармои шадид ҳушдор медиҳанд. Ҳавои Тоҷикистон аз 25 то 30 июн тафсон шуда, боиси афзоиши нурҳои ултрабунафш ва селхезӣ мегардад.
Дар кишвар, рӯзҳои 25 ва 26 июн ҳаво тафсон шуда, боиси афзоиши нурҳои ултрабунафш мегардад ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳо ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои 27 ва 30 июни соли равон дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Чунин ҳарорат натанҳо дар ВМКБ, балки дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии НТҶ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд низ пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 27 ва 28 июн низ чунин вазъият боқӣ мемонад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳавои гарм ва нурҳои ултабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.
Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0