https://sputnik.tj/20210625/davat-tojikiston-shsh-vokunish-tahdidho-afghoniston-1040443046.html
Даъвати Тоҷикистон аз СҲШ барои дарёфти механизми вокуниш ба таҳдидҳо аз Афғонистон
Даъвати Тоҷикистон аз СҲШ барои дарёфти механизми вокуниш ба таҳдидҳо аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти СҲШ зарурати ҳалли мушкилоти терроризм дар Афғонистонро изҳор кард
2021-06-25T14:01+0500
2021-06-25T14:01+0500
2021-06-25T15:18+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
сҳш
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992416_0:51:1000:614_1920x0_80_0_0_bba95835e4a8405116b1a088ad002c1b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Парвиз Муҳаммадзода дар конфронси байналмилалии "Бист соли Созмони Ҳамкории Шанхай: хотираҳо ва дурнамо", ки рӯзҳои 24-25 июн дар режими онлайнӣ сурат мегирад, мавзӯи афзоиши нуфузи "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистонро ба миён гузошт.Муҳаммадзода ба таҳдидҳои созмонҳои террористии воқеъ дар шимолу шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон таваҷҷӯҳ кард. Вай изҳор дошт, ки ҳарчи зудтар механизми вокуниши бисёрҷонибаро таҳия намуда, инчунин баррасии ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе зарур аст.Муовини раиси Марказ инчунин аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват кард, ки мониторинг ва таҳлили муштараки рушди эҳтимолии вазъ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро анҷом диҳанд. Ғайр аз ин, Муҳаммадзода як қатор идеяҳои дигарро пешниҳод кард, аз ҷумла таҳияи имкони ҷорӣ намудани механизми вокуниши сареъ ба мушкилоти дохилии сиёсии байни кишварҳои узви СҲШ.Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи гузашта вазъ дар шимоли Афғонистон муташанниҷ гашта, аксар навоҳӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон зери назорати "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гузаштааст.Як мақоми баландпояи амрикоӣ бар он назар аст, пас аз шаш моҳи рафтани нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳукумати Ғанӣ суқут хоҳад кард.*созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210624/dushman-tolibon-marz-tojikiston-1040426676.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992416_61:0:950:667_1920x0_80_0_0_553559ee255dba88264d0b7889c1e500.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват тоҷикистон сҳш дарёфт механизм вокуниш таҳдидҳо афғонистон
даъват тоҷикистон сҳш дарёфт механизм вокуниш таҳдидҳо афғонистон
Даъвати Тоҷикистон аз СҲШ барои дарёфти механизми вокуниш ба таҳдидҳо аз Афғонистон
14:01 25.06.2021 (Навсозишуда: 15:18 25.06.2021) Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти СҲШ зарурати ҳалли мушкилоти терроризм дар Афғонистонро такъид кард
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Парвиз Муҳаммадзода дар конфронси байналмилалии "Бист соли Созмони Ҳамкории Шанхай: хотираҳо ва дурнамо", ки рӯзҳои 24-25 июн дар режими онлайнӣ сурат мегирад, мавзӯи афзоиши нуфузи "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистонро ба миён гузошт.
Муҳаммадзода ба таҳдидҳои созмонҳои террористии воқеъ дар шимолу шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон таваҷҷӯҳ кард.
Вай изҳор дошт, ки ҳарчи зудтар механизми вокуниши бисёрҷонибаро таҳия намуда, инчунин баррасии ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе зарур аст.
Муовини раиси Марказ инчунин аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват кард, ки мониторинг ва таҳлили муштараки рушди эҳтимолии вазъ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро анҷом диҳанд.
Ғайр аз ин, Муҳаммадзода як қатор идеяҳои дигарро пешниҳод кард, аз ҷумла таҳияи имкони ҷорӣ намудани механизми вокуниши сареъ ба мушкилоти дохилии сиёсии байни кишварҳои узви СҲШ.
Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи гузашта вазъ дар шимоли Афғонистон муташанниҷ гашта, аксар навоҳӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон зери назорати "Толибон"* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гузаштааст.
Як мақоми баландпояи амрикоӣ бар он назар аст, пас аз шаш моҳи рафтани нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳукумати Ғанӣ суқут хоҳад кард.
*созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон