Дар Чехия 19 хонандаи мактаб якбора беҳуш шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Сабаби беҳушшавии толибилмон то ҳол маълум нест
ДУШАНБЕ 25 июн - Sputnik. Нуздаҳ хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Соколови Чехия субҳи рӯзи ҷумъа яке паси дигаре беҳуш шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Тавре, табибони ёрии таъҷилӣ гуфтанд, аввал ду талаба аз ҳуш рафт, сипас оҳиста оҳиста шумораи онҳо ба 19 нафар расид.
Торнадо в Чехии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Гирдбоди даҳшатнок дар Чехия дар чанд соат садҳо кушта бар ҷой гузошт: 5 видео
Ҳашт гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, пулис ва оташнишонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.
Ду сабаби асосии беҳушшавӣ аз газ ё заҳролудшавӣ аз ғизо тафтиш карда мешавад.
Фоҷиа дар Навоӣ: чаҳор истихроҷгари ғайриқонунӣ дар кони тилло ҳалок шуданд
Ба гуфти мақомот, то ҳол сабаби асосӣ маълум нашудааст.
Гуфта мешавад, толибилмон аллакай ба худ омадаанд ва ҳаёти онҳо дар хатар нест.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Қайд карда мешавад, ки тамоми кормандони мактаб дар ҳолати хуб қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки пештар аз як гирдбоди шадид дар Чехия хабар дода шуд, ки ҷони садҳо нафарро гирифт ва чанд шаҳру навоҳиро хароб кард.
Лентаи хабарҳо
0