https://sputnik.tj/20210228/halokati-donishju-zahroludshavi-1032908177.html
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Панҷ донишҷӯ дар шаҳри Тошканд, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи номаълум фавтиданд 28.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-28T21:15+0500
2021-02-28T21:15+0500
2021-08-10T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
заҳролудшавӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20191001/halokat-kudak-bistar-shudan-zahroludshavi-farkhor-1029958810.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, заҳролудшавӣ, даргузашт
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, заҳролудшавӣ, даргузашт
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
21:15 28.02.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Панҷ донишҷӯ дар шаҳри Тошканд, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи номаълум фавтиданд
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.
Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.
Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.
Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.
Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.