https://sputnik.tj/20210625/bozdosht-mardikorzanhoitojik-qirghiziston-masulin-1040440148.html
Боздошти мардикорзанҳо дар Қирғизистон: масъулини ноҳияҳои ҳамсарҳад таҳқиқ мекунанд
Боздошти мардикорзанҳо дар Қирғизистон: масъулини ноҳияҳои ҳамсарҳад таҳқиқ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони ноҳияҳои наздимарзӣ - Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, хабари боздошти мардикорзанони тоҷик аз сӯи қирғизҳоро таҳқиқ доранд 25.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-25T12:42+0500
2021-06-25T12:42+0500
2021-06-25T13:01+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
боздошт
марз
осиё
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135967_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_899dac00a7ff7fcebf9e3cdb6982b61d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди нашри ин хабар, ки гӯиё як гурӯҳ занон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми кор дар заминҳо, марзи Қирғизистонро гузаштаанд, ба таҳқиқи он шурӯъ кардаанд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача мегӯяд, таҳқиқи онҳо маълум намудааст, ки ҳеҷ яке аз сокинони ҷамоат аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт нашудаанд.“Мо дирӯз қариб ҳамаи хонаҳои сокинони деҳаҳои наздимарзиро пурсуҷӯ намудем, маълум гардид, ки ягон нафар дар марз боздошт нашудаанд”, - гуфт Одинаев. Дар ҳамин ҳол Тоҳир Толибӣ, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи нашри ин хабар ба таҳқиқи он оғоз намудаанд. “Дирӯз ҳама масъулони сохторҳо барои маълум намудани хабари боздошти занон дар марз шурӯъ намуданд. Ҳоло барои маълум намудани ҳувияти сокинони боздоштшуда дар маҳаллаҳои наздимарзӣ корбарӣ давом дорад”, - гуфт раиси ноҳия. Зуҳри дирӯз хабаргузориҳои Қирғизистон дар бораи боздошти як гурӯҳ занон - шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аснои кор дар заминҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Хабаргузории 24 kg бо нашри як видиое навишт, ки ин занон гӯё дар заминҳои ҷамоати Қулундуи ноҳияи Бодканд ба кори кироя дар заминҳо машғул шудаанд.Дар ҳамин ҳол масъулони ноҳияҳои наздимарзӣ - Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов мегӯянд, эҳтимол ин як дасисаи навбатии қирғизҳо бошад, вале онҳо ба таҳқиқи ҳувияти занони боздоштшуда дар марз идома медиҳанд ва дар сурати дуруст будани он, барои дифои ҳуқуқи шаҳрвандон талош меварзанд. Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28 - 29 апрел, марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон сар аз 24 май ба ин тараф баста аст.
https://sputnik.tj/20210624/bozdosht-zanon-mardikor-tojik-bordon-moshin-qirghiz-video-1040426455.html
қирғизистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135967_84:0:805:541_1920x0_80_0_0_7122755d5369fc62ba6b882ca30eddb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, боздошт, марз, осиё, занон
дар тоҷикистон, қирғизистон, боздошт, марз, осиё, занон
Боздошти мардикорзанҳо дар Қирғизистон: масъулини ноҳияҳои ҳамсарҳад таҳқиқ мекунанд
12:42 25.06.2021 (Навсозишуда: 13:01 25.06.2021) Масъулони ноҳияҳои наздимарзӣ - Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, хабари боздошти мардикорзанони тоҷик аз сӯи қирғизҳоро таҳқиқ доранд
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди нашри ин хабар, ки гӯиё як гурӯҳ занон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми кор дар заминҳо, марзи Қирғизистонро гузаштаанд, ба таҳқиқи он шурӯъ кардаанд.
“Мо дирӯз ҳама - аз раисони маҳаллаҳо сар карда, то мақомоти сарҳадбонӣ ба таҳқиқи ин хабар машғул шудем. Ягон нафар занони сокини ҷамоат марзро ғайриқонунӣ убур накардааст ва боздошт ҳам нашудааст”, - гуфт ҷонишини раиси ҷамоати Хистеварз.
Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача мегӯяд, таҳқиқи онҳо маълум намудааст, ки ҳеҷ яке аз сокинони ҷамоат аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт нашудаанд.
“Мо дирӯз қариб ҳамаи хонаҳои сокинони деҳаҳои наздимарзиро пурсуҷӯ намудем, маълум гардид, ки ягон нафар дар марз боздошт нашудаанд”, - гуфт Одинаев.
Дар ҳамин ҳол Тоҳир Толибӣ, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи нашри ин хабар ба таҳқиқи он оғоз намудаанд.
“Дирӯз ҳама масъулони сохторҳо барои маълум намудани хабари боздошти занон дар марз шурӯъ намуданд. Ҳоло барои маълум намудани ҳувияти сокинони боздоштшуда дар маҳаллаҳои наздимарзӣ корбарӣ давом дорад”, - гуфт раиси ноҳия.
Зуҳри дирӯз хабаргузориҳои Қирғизистон дар бораи боздошти як гурӯҳ занон - шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аснои кор дар заминҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Хабаргузории 24 kg бо нашри як видиое навишт, ки ин занон гӯё дар заминҳои ҷамоати Қулундуи ноҳияи Бодканд ба кори кироя дар заминҳо машғул шудаанд.
“Мо онҳоро дар заминҳои деҳаи Оқ- Ариқ боздошт кардем. Онҳоро шаҳрванди Қирғизистон бо мошини худ “Портер” овардааст”, - омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол масъулони ноҳияҳои наздимарзӣ - Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов мегӯянд, эҳтимол ин як дасисаи навбатии қирғизҳо бошад, вале онҳо ба таҳқиқи ҳувияти занони боздоштшуда дар марз идома медиҳанд ва дар сурати дуруст будани он, барои дифои ҳуқуқи шаҳрвандон талош меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28 - 29 апрел, марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон сар аз 24 май ба ин тараф баста аст.