Убури 53 низомии афғон ба Ӯзбекистон ва ҳушдори Тошканд

© AP / Emilio MorenattiАфганский офицер, архивное фото
Афганский офицер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид кард, ки онҳо вазъро дар кишвари ҳамсоя бо диққат пайгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар бораи вазъи марз бо Афғонистон изҳорот пахш кард.
Вазорат гуфт, ки 23 июн пас аз задухӯрдҳо 53 низомии нерӯҳои марзбонӣ ва ҷангиёни нерӯҳои мардумии Афғонистон аз қисмати Шӯртеппа ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштанд.
Душман пеши дар: “Толибон” марз бо Тоҷикистонро гирифтанд
Пас аз боздошти низомиёни хориҷӣ, марзбонон тамоми расмиёти заруриро анҷом дода, сокинони Афғонистонро ба ватан баргардонданд.
"Ҳар гуна кӯшиши убури ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян пахш карда мешавад ва нисбати вайронкунандагони сарҳади давлатӣ чораҳои шадидтарин андешида хоҳанд шуд", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорат инчунин таъкид кард, ки Ӯзбекистон муносибатҳои неки ҳамсоягиро бо Афғонистон тасдиқ мекунад ва барои ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат омода аст.
Ғайр аз он, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфт, ки ин кишвар аз афзоиши хушунат дар Афғонистон бениҳоят нигарон аст ва вазъро дар марз бодиққат назорат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0