Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тақсими ройгони 10000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешЖители города Худжанд на площади Регистан перед городским рынком Панчанбе
Жители города Худжанд на площади Регистан перед городским рынком Панчанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Ба сокинони шаҳри Хуҷанд тавсия дода шуд, ки дар марказҳои саломатии ҳудуди зист эм гиранд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд даҳ ҳазор ниқоби тиббӣ тақсим карданд.
Ин амал дар назди бозори "Панҷшанбе" аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва Маркази назорати давлатии санитарии Хуҷанд амалӣ шудааст, хабар медиҳад мақомоти вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 аст.
Манбаъ омили хуруҷи дубораи вируси коронаро дар Тоҷикистон, бетаваҷҷуҳӣ, риоя накардани карантин аз ҷониби шаҳрвандони аз хориҷ баргашта ва истифода накардани ниқоб мегӯяд.
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аҳмадзода аз омори коронавирус дар Суғд гуфт: илтиҳоби шуш зиёду коронавирус кам
"Дар рафти амалиёти гузаронидашуда дар маконҳои серодам, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, бахусус бозори марказии "Панҷшанбе" аз ҷониби гуруҳи корӣ ба садҳо нафар ашхоси бениқоб ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон дасрас карда шуданд"., - омадааст дар хабарнома.
Зимни суҳбат ба мардум тавсия дода шудааст, ки дар марказҳои саломатии ҳудуди зист эмгузаронӣ намоянд, то аз хатари беморӣ дар канор бошанд.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона
Бояд гуфт, бино ба иттилои раиси вилояти Суғд, дар вилоят дар ҳоли ҳозир 8 нафар маризи вируси корона ҳаст ва 37 каси дигар бемории илтиҳоби шуш дорад.
Дар маҷмуъ, дар давоми се рӯз дар Тоҷикистон шумораи мубталоёни вируси корона ба 50 нафар расид.
Лентаи хабарҳо
0