Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Аҳмадзода аз омори коронавирус дар Суғд гуфт: илтиҳоби шуш зиёду коронавирус кам

© Мақомоти вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Дар Суғд 8 нафар маризи коронавирус буда, 37 каси дигар мубталои илтиҳоби шуш ҳастанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода омори сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар ин вилоятро эълон кард, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии SM -1.
Ба маълумоти Аҳмадзода, феълан дар вилояти Суғд дасти кам 8 нафар мубталои коронавирус себошанд.
Ҳамчунин, 37 нафари дигар аз илтиҳоби шуш табобат мегиранд.
Аҳмадзода таъкид намуд, дар умум 45 нафар дар вилоят маризи коронавирус ва илтиҳоби шуш мебошанд, ки аксари онҳо дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.
"Мо барои пешгирии паҳншавии вирус тамоми шароитҳоро фароҳам овардем, аз ҷумла барои корҳои безараргардонӣ ҳам", - афзуд раиси вилоят.
Зимнан, Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки миёни мардум ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Зикр гардид, ки ба вилояти Суғд 100 ҳазор воя ваксин алайҳи коронавирус ворид мешавад, ки дар марҳилаи аввал кормандони тиб, маориф ва сокинони аз 60 - сола боло эм карда мешавад.
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Кори фурудгоҳи Душанбе бо авҷи дигарбораи коронавирус чӣ гуна сурат мегирад
Ёдовар мешавем, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз 21 июн мавҷуд будани вируси COVID - 19 дар ҷумҳуриро тасдиқ кард. Ҳарчанд расонаҳои дохилӣ ва худи сокинон қаблан аз бурузи дубораи ин маризӣ хабар дода буданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дасти кам 50 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд. Рӯзи гузашта боз 18 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Тибқи омори Вазорати беҳдошт, ки се рӯзи ахир нашр гардидааст, ҳоло ягон мавриди фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0