https://sputnik.tj/20210624/nigaroni-rahmon-mirziyoev-vazi-noamn-afghoniston-1040402525.html
Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?
Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев вазъ дар марзи Афғонистонро шиддатнок арзёбӣ карданд
2021-06-24T09:10+0500
2021-06-24T09:10+0500
2021-06-24T11:05+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон телефонӣ суҳбат карда, амнияти минтақавиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.Бино ба гузориши манбаъ, масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуи асосии суҳбат будааст. Кишвардорон вазъият дар хати сарҳадро ноамн арзёбӣ кардаанд.Раҳмон ва Мирзиёев сари он ақида омадаанд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар давоми ин суҳбат ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.Ёдрас мешавем, ки пештар Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев вазъи марзи Афғонистонро баррасӣ карда буд.Сӯҳбати телефонии Раҳмон ва Тоқаев аз вазъи АфғонистонҚобили зикр аст, ки тайи 10 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад. Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд.Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
https://sputnik.tj/20210622/kdam-firori-100-nizomi-afghon-ba-tojikiston-1040373090.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, тоҷикистон, ӯзбекистон, афғонистон, марз, минтақа
амният, тоҷикистон, ӯзбекистон, афғонистон, марз, минтақа
Нигаронии Раҳмон ва Мирзиёев аз вазъи ноамни марзи Афғонистон: президентҳо чӣ гуфтанд?
09:10 24.06.2021 (Навсозишуда: 11:05 24.06.2021) Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев вазъ дар марзи Афғонистонро шиддатнок арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон телефонӣ суҳбат карда, амнияти минтақавиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуи асосии суҳбат будааст. Кишвардорон вазъият дар хати сарҳадро ноамн арзёбӣ кардаанд.
"Президентҳо ҷиҳати вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хатти сарҳад бо ин кишвар хело ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Раҳмон ва Мирзиёев сари он ақида омадаанд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд.
"Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид", - афзуд манбаъ.
Дар давоми ин суҳбат ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки пештар Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев вазъи марзи Афғонистонро баррасӣ карда буд.
Қобили зикр аст, ки тайи 10 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад. Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд.Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.