Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Кӯдаконро низ алайҳи коронавирус эм кунед: тавсияи нави Созмони ҷаҳонии беҳдошт

© AFP 2023 / CHARLY TRIBALLEAUДевочка в маске, архивное фото
Девочка в маске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба тавсияҳое, ки қаблан унвонии тамоми ҷаҳон ироа шуда буданд, иловаҳои навро зам кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бори нахуст Созмони ҷаҳонии беҳдошт эътироф намудааст, ки кӯдакону наврасон ҳам бояд алайҳи маризии коронавирус эм карда шаванд.
Ин нукта дар тавсияҳои таҷдидшудаи созмони мазкур, ки дар сомонаи СҶБ нашр шудааст, дарҷ гардидааст.
Зимнан, намояндагони СҶБ зикр намудаанд, ки кӯдакону наврасон аслан ин бемориро нисбатан сабуктар паси сар мекунанд.
"Аз ин рӯ, агар онҳо дар гурӯҳи дорои хавфи шадиди COVID-19 набошанд, онҳо бояд пас аз пиронсолон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кормандони тиб эмгузаронида шаванд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Қаблан, ин созмон барои мавҷуд набудани маълумоти кофӣ бобати таъсири ваксин ба организми кӯдак онро тавсия накарда буд.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Навъи хатарноктари коронавирус аллакай беш аз 90 кишварро фаро гирифт - СҶТ
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар Русия масъалаи бо ваксин таъмин намудани наврасон дар баррасӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0