https://sputnik.tj/20210624/korgardoni-film-mustanad-emomali-rahmon-yormahmad-aralev-1040413129.html
Коргардони филми мустанад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон: Ёрмаҳмад Аралев кӣ буд?
Коргардони филми мустанад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон: Ёрмаҳмад Аралев кӣ буд?
Sputnik Тоҷикистон
Ёрмаҳмад Аралев, коргардони маъруфи тоҷик, дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
2021-06-24T14:56+0500
2021-06-24T14:56+0500
2021-07-21T19:15+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040412881_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_70192d4569c642ca650af9ad0430368e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Раҳмоналӣ Шерализода, яке аз ҳамкорони марҳум, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ду-се соли ахир аз бемории музмини диабети қанд ранҷ мебурд ва рӯзҳои охир қандаш баланду бесубот шуда, шаби гузашта вафот кард. Ёрмаҳмад Аралев, киноактёр ва коргардони тоҷик, 9 марти соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ду факултаи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Факултаи ҳунармандиро таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР, профессор Сергей Бондарчук соли 1975 хатм карда, ба Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва то соли 1979 актёри ин театр буд. Сипас ӯ факултаи коргардонии институти фавқуззикрро соли 1983 хатм кард. Шогирди Ҳунарманди мардумии СССР, профессор Игор Таланкин буд. Аз соли 1984 ӯ ба "Тоҷикфилм" ба кор омад ва то соли 1992 коргардони филмҳои мустанаду бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 дар вазифаи котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам кор кардааст. Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Дар филми панҷқисмии "Одам пӯсташро иваз мекунад", филмҳои бадеии "Муҳосира","Тӯфон дар водӣ", "Аспҳои назди моҳ", "Гаравгон", "Ҳодиса дар фурудгоҳ", "Онҳо барои Ватан ҷангидаанд" (Мосфилм) ва ғайра нақшҳои ҷолиб офаридааст. Ӯ таҳиягари филмҳои зиёди ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла киномаҷаллаи "Тоҷикистони Советӣ" низ мебошад. "Яке аз филмҳои муваффақ ва мондагори ӯ – “Кумир” ном дорад, ки соли 1988 ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм Далер Назаров, овозхони маъруфи тоҷик нақш бозидааст. Онҳое, ки он солҳо ҷавон буданд, ин филмро ба ёд доранд”, - гуфт Раҳмоналӣ Шерализода. Ёрмаҳмад Аралев соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ буда, дорандаи орденҳои "Шараф" ва “Дӯстӣ” аст. Ӯ субҳи имрӯз, 24 июн, дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
https://sputnik.tj/20210624/darguzasht-korgardon-maruf-1040407841.html
https://sputnik.tj/20210620/darguzasht-zhurnalist-lisenko-1040325663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040412881_341:0:1781:1080_1920x0_80_0_0_c52202286b55dbc5649f873744aa1bfc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳи ҳол даргузашт
Коргардони филми мустанад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон: Ёрмаҳмад Аралев кӣ буд?
14:56 24.06.2021 (Навсозишуда: 19:15 21.07.2021) Ёрмаҳмад Аралев, коргардони маъруфи тоҷик, дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт. Ӯ яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангиест, ки дар авҷи мавҷи дуюми “вируси корона” саҳнаи зиндагиро тарк кард
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Раҳмоналӣ Шерализода, яке аз ҳамкорони марҳум, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ду-се соли ахир аз бемории музмини диабети қанд ранҷ мебурд ва рӯзҳои охир қандаш баланду бесубот шуда, шаби гузашта вафот кард.
“Яке аз корҳои мондагори ӯ филми мустанади “Марде аз сарнавишт” дар бораи ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аст. Ин танҳо филмест, ки дар бораи ӯ гирифта шудааст. Ману Абдуфаттоҳ Шарифзода, муаллифи сенария ва марҳум Аралев коргардони он будем”, - гуфт Раҳмоналӣ Шерализода.
Ёрмаҳмад Аралев, киноактёр ва коргардони тоҷик, 9 марти соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ду факултаи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Факултаи ҳунармандиро таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР, профессор Сергей Бондарчук соли 1975 хатм карда, ба Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва то соли 1979 актёри ин театр буд.
Сипас ӯ факултаи коргардонии институти фавқуззикрро соли 1983 хатм кард. Шогирди Ҳунарманди мардумии СССР, профессор Игор Таланкин буд. Аз соли 1984 ӯ ба "Тоҷикфилм" ба кор омад ва то соли 1992 коргардони филмҳои мустанаду бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд.
Солҳои 1991-1992 дар вазифаи котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам кор кардааст.
Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Дар филми панҷқисмии "Одам пӯсташро иваз мекунад", филмҳои бадеии "Муҳосира","Тӯфон дар водӣ", "Аспҳои назди моҳ", "Гаравгон", "Ҳодиса дар фурудгоҳ", "Онҳо барои Ватан ҷангидаанд" (Мосфилм) ва ғайра нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Ӯ таҳиягари филмҳои зиёди ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла киномаҷаллаи "Тоҷикистони Советӣ" низ мебошад.
"Яке аз филмҳои муваффақ ва мондагори ӯ – “Кумир” ном дорад, ки соли 1988 ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм Далер Назаров, овозхони маъруфи тоҷик нақш бозидааст. Онҳое, ки он солҳо ҷавон буданд, ин филмро ба ёд доранд”, - гуфт Раҳмоналӣ Шерализода.
Ёрмаҳмад Аралев соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ буда, дорандаи орденҳои "Шараф" ва “Дӯстӣ” аст. Ӯ субҳи имрӯз, 24 июн, дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.