Даргузашти коргардони маъруфи тоҷик Ёрмаҳмад Аралев

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони тоҷик дар сини 67-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Коргардони маъруфи тоҷик Ёрмаҳмад Аралев дар асари бемории қанд дар синни 67-солагӣ даргузашт, хабар медиҳанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.
"Кинорежиссёри маъруфи тоҷик, инсони шарифу наҷиб, дилсӯзи миллату Ватан ва дӯсту рафиқи шафиқ Ёрмаҳмад Аралев дар асари бемории музмини диабети қанд, ки ду-се соли охир шиддаташ афзуда буд, аз ҷаҳон даргузашт", - менависад Раҳмоналӣ Шералиев, корбари Фейсбук.
Гуфта мешавад, маросими видоъ субҳи имрӯз (24.06.2021) дар назди хонаи марҳум - бинои баланди Ватан ва намози ҷанозааш соати 9.00 дар масҷиди Сари Осиё доир мешавад.
Ёрмаҳмад Аралев хатмкардаи риштаҳои ҳунармандӣ ва коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографии Маскав буд. Ӯ пас аз хат солҳои 1975-1979 ба сифати ҳунарманди Тетарти академии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 1984 то соли 1992 коргардони филмҳои мустанад ва бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 як муддат котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам буд.
Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Аз соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ. Дар соли 2005 мукофоти давлатии ордем "Шараф"-ро соҳиб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0