Гила аз хешовандон ва безорӣ аз падар: изҳороти ҳайратангези Бритни Спирс

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкКонцерт певицы Бритни Спирс в Москве
Концерт певицы Бритни Спирс в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Саломатии равонии овозхон, ки машрубот ва нашъа истифода мекард, пас аз ҷудошавӣ аз шавҳараш якбора бад шуд. Бритни Спирс аз соли 2008 таҳти сарпарастии падараш ҳаст
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Овозхони маъруфи амрикоӣ Бритни Спирс дар додгоҳ аз назорати пурраи ҳаёташ аз ҷониби падар, шикоят кард.
Бритни Спирс, ки ҳамчун яке аз маъруфтарин овозхонҳои замони мо шинохта шудааст, аз соли 2008 таҳти сарпарастии падари худ Ҷеймс Спирс қарор дорад.
Солимии рӯҳии овозхон, ки машрубот ва маводи мухаддир истифода мекард, пас аз талоқ дар соли 2007, вақте ки ситора ба бемории вазнин дучор шуд, якбора буд шуд.
Дар аввал ситора аз ин ҳолат қаноатманд буд. Бо гузашти вақт, назорати оила торафт шадидтар мешуд ва инак, ҳафт сол аст, ки овозхон кӯшиш дорад аз парастории падари худ даст кашад.
Рӯзи чоршанбе Спирси 39-сола дар режими маҷозӣ дар додгоҳ сухан гуфт, ки дар он парвандаи сарпарастии ӯ муҳокима мешуд.

"Ман ба тамоми ҷаҳон дурӯғ гуфтам, ки ман хушбахт ҳастам ва ҳама чиз хуб аст. Ман хушбахт нестам, ман ҳатто наметавонам хоб кунам. Ман муддати тӯлонӣ ба додгоҳ муроҷиат накардам, зеро фикр мекардам, ки мардум бовар намекунанд", - гуфт сароянда ва афзуд, ки падараш ӯро маҷбур кард, ҳатто дар он рӯзҳои бемориаш ҳам ҳунарнамоӣ кунад.

"Вай пурра ҳаёти маро назорат мекард", - менависад starhit.ru. аз қавли Бритни.
Ба гуфти ӯ, Ҷейми Спирс ҳамаи даромади духтарашро комилан дар ихтиёр дошт, аз ин рӯ Бритни тамоман пули ба даст овардаашро намедид.
Назорат на танҳо дар масъалаҳои молиявӣ, балки ба ҳаёти ҳаррӯза ҳам расид: боре Ҷейми ба Бритни дубора ранг кардани ҷевонро дар хонааш манъ кард. Агар овозхон муқовимат кунад, ӯро барои табобати маҷбурӣ ба беморхонаи рӯҳӣ мефиристодаанд.
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Тафсилоти бемории МакSим: вазъи овозхон чӣ гуна аст?
Ғайр аз он, доиман ба Бритни доруҳо медодаанд, аз ин сабаб вай на ҳама вақт дарк мекардааст, ки дар гирду атроф чӣ рӯй дода истодааст.
Дар паҳлӯи Бритни ҳамеша посбонон будаанд, ки ҳатто ҳангоми иваз кардани либос пеш аз консерт, аз наздаш дур намешуданд.
Вақте, дар ҳаёти сароянда маъшуқи нав пайдо шуд, падар барои аз ҷавон ҷудо кардани духтараш ҳамаи роҳҳоро ба кор бурдааст.

"Ҳоло ман мехоҳам оиладор ва кӯдакдор шавам. Онҳо намехоҳанд ман фарзанд таваллуд кунам, - афзуд Спирс.

Овозхони амрикоӣ аз додгоҳ хост, ки падари ӯро аз парасторӣ адабан маҳрум кунад. Вай иқрор кард, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, мехоҳад, на ҳар ду рӯз, балки ҳафтае як маротиба аз терапия гузарад.
Лентаи хабарҳо
0