https://sputnik.tj/20210624/casa-1000-rohi-ohan-hamkorihoi-tojikistonu-afghoniston-1040427632.html
Аз CASA-1000 то сохтмони роҳи оҳан: баррасии рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон
Аз CASA-1000 то сохтмони роҳи оҳан: баррасии рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони иқтисоди ду кишвари ҳамсоя дар бораи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд
2021-06-24T19:05+0500
2021-06-24T19:05+0500
2021-06-24T19:33+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040427568_0:100:960:640_1920x0_80_0_0_eb846409fb8b8525f7983aed2cf19d4a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ анҷом ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар. Бино ба иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт. Манбаъ таъкид доштааст, ки Завқизода Завқӣ бо Вазири иқтисоди Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дод.Оқои Завқизода қайд намудааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки аз таърихи қадимаи мо сарчашма мегиранд, асос меёбанд.Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо бо мақсади афзоиши гардиши савдои мутақобилаи байни кишварҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорон аз Афғонистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, мусоидат ба татбиқи сареъи хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.Зикр шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро дар робита ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.
https://sputnik.tj/20210330/Dodugirift-mol-Tojikiston-Afgoniston-milliard-dollar-1033104495.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040427568_107:0:960:640_1920x0_80_0_0_8ca137cfc77c43937767a838d1b4eadd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, роҳи оҳан, ҳамкорӣ, савдои наздисарҳадӣ
тоҷикистон, афғонистон, роҳи оҳан, ҳамкорӣ, савдои наздисарҳадӣ
Аз CASA-1000 то сохтмони роҳи оҳан: баррасии рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон
19:05 24.06.2021 (Навсозишуда: 19:33 24.06.2021) Вазирони иқтисоди ду кишвари ҳамсоя дар бораи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ анҷом ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Бино ба иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт.
Манбаъ таъкид доштааст, ки Завқизода Завқӣ бо Вазири иқтисоди Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Оқои Завқизода қайд намудааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки аз таърихи қадимаи мо сарчашма мегиранд, асос меёбанд.
“Ин ҳамкории судманд босуръат рушд карда истодааст”, - таъкид дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо бо мақсади афзоиши гардиши савдои мутақобилаи байни кишварҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорон аз Афғонистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, мусоидат ба татбиқи сареъи хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Зикр шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро дар робита ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.