Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон имрӯз тағийроти назаррас ба назар мерасад. Қурби рубл ва евро боло рафт
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1555 сомонӣ нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш он ба 0.1544 баробар буд.
Қурби доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ чунин муқаррар шудааст: 1 доллар - 11.3200 сомонӣ.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз боз боло рафтааст.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Бонки миллӣ ба ВУХ ба истифодаи асъори хориҷӣ иҷозат дод
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.5229 сомонӣ аст. Ду рӯз пеш дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.4912 сомонӣ буд.
БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.5229 то 13.6000 ва барои 1 рубл аз 0.1555 то 0.1575 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0