Бонки миллӣ ба ВУХ ба истифодаи асъори хориҷӣ иҷозат дод

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори марбута қабул намудааст
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.
Ин иҷозат ба мӯҳлати 3 сол гуфта мешавад.
Тавре Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, тибқи хабари манбаъ, дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори марбута қабул намудааст.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”-ро тамдид кард
"Ин тадбир дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" андешида шудааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0