https://sputnik.tj/20210623/tojikiston-nizomiyon-marz-afghoniston-holat-omodabosh-1040390667.html
Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард
Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарҳадбонон дар қисмати сарҳадии ВМКБ ба ҳолати омодабош дароварда шуданд
2021-06-23T16:35+0500
2021-06-23T16:35+0500
2021-06-23T16:40+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
вмкб
омодабош
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0c/1031720086_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_731e6b3ae83abe6dbf362f1d887541d4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тоҷикистон амният дар марз бо Афғонистонро тақвият дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов. Марзбонон дар қисмати сарҳадии ВМКБ ба ҳолати омодабош гузаштанд.Сардори минтақа омодагии худро барои қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз Афғонистон ҳангоми бадтар шудани вазъ дар марз эълон кард.Зимнан, Ёдгор Файзов илова намуд, ки ҳоло вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар минтақа қарор дорад ва вазъи марз бо Афғонистонро меомӯзад."Вазъ дар кишвари ҳамсоя маълум аст, ки хатарнок аст, аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош бошем", - илова кард раиси ВМКБ. Қобили зикр аст, ки тайи 10 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад. Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд. Рӯзи 21 июн ҷангиёни Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд.Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
https://sputnik.tj/20210619/hushdor-fayzov-jalasai-amniyati-agar-jangjuyon-marzro-shikanand-aks-1040313906.html
https://sputnik.tj/20210622/kdam-firori-100-nizomi-afghon-ba-tojikiston-1040373090.html
афғонистон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0c/1031720086_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_94f999330504ed7162c7c0fc7425c488.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тоҷикистон, марз, амният
афғонистон, тоҷикистон, марз, амният
Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард
16:35 23.06.2021 (Навсозишуда: 16:40 23.06.2021) Сарҳадбонон дар қисмати марзи ВМКБ ба ҳолати омодабош дароварда шуданд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тоҷикистон амният дар марз бо Афғонистонро тақвият дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов.
Марзбонон дар қисмати сарҳадии ВМКБ ба ҳолати омодабош гузаштанд.
"Вазъи хатарноки Афғонистон моро даъват мекунад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар сурати вайрон кардани эҳтимолии сарҳади давлатӣ, марзбонон дар ҳолати омодабош мебошанд", - гуфт Файзов.
Сардори минтақа омодагии худро барои қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз Афғонистон ҳангоми бадтар шудани вазъ дар марз эълон кард.
"Имкониятҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро ба назар гирифта, мо омодаем беш аз 10 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул кунем ва бораи онҳо ғамхорӣ кунем" , - ваъда додааст Файзов.
Зимнан, Ёдгор Файзов илова намуд, ки ҳоло вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар минтақа қарор дорад ва вазъи марз бо Афғонистонро меомӯзад.
"Вазъ дар кишвари ҳамсоя маълум аст, ки хатарнок аст, аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош бошем", - илова кард раиси ВМКБ.
Қобили зикр аст, ки тайи 10 рӯзи охир дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Тоҷикистону ва Русия) бархӯрд идома дорад. Аллакай ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Рӯзи 21 июн ҷангиёни Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла карданд. Бар асари ин ҳодиса шумораи кушташудагону асирон ва захмбардоштаҳо ба 100 нафар баробар шуд.
Илова бар ин, 134 нафар рӯзи 22 июн ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.