Сӯҳбати телефонии Раҳмон ва Тоқаев аз вазъи Афғонистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қазоқистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Имрӯз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манабаъ, дар ин сӯҳбат ба масъалаи авзои Афғонистон аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
"Президентҳо вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҷонибҳо бо нигаронӣ оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии ин кишвар, ки ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба қайд гардид.
Солдат Афганской национальной армии охраняет блокпост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард
Ҳамчунин роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, мубодилаи афкор намуданд.
Ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд дода шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0