https://sputnik.tj/20210622/eloni-tedodi-giriftoroni-koronavirus-dar-tojikiston-1040371970.html
Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон
Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурииро эълон карданд
2021-06-22T20:00+0500
2021-06-22T20:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632470_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c227688a957231da06e7cdcad31d0283.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 32 нафар расидааст. То 20 - уми июн мақомоти тандурустӣ ҷой доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ рад мекарданд. Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210622/navor-eloni-buruzi-duborai-koronvirus-tojikiston-1040356818.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632470_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_35336ea75a448d63fab01c823b055084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон
20:00 22.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 32 нафар расидааст. То 20 - уми июн мақомоти тандурустӣ ҷой доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ рад мекарданд.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.