https://sputnik.tj/20210623/javon-tojik-peterburg-gharq-1040389029.html
Ҷавони 20 - солаи тоҷик дар Петербург ғарқи об шуд
Ҷавони 20 - солаи тоҷик дар Петербург ғарқи об шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавон барои наҷот ёфтан аз гармои шадид оббозӣ рафт, вале ҷонашро аз даст дод
2021-06-23T15:36+0500
2021-06-23T15:36+0500
2021-06-23T16:37+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
санкт-петербург
ғарқ
шаҳрванди тоҷикстон
оббозӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург ғарқи об шуд, хабар медиҳад "Фонтанка" бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.Ба иттилои манбаъ, ҷавон ҳамагӣ 20 сол дошт ва ҳамроҳ бо дӯстони худ барои наҷот ёфтан аз гармои шадид ба оббозӣ рафт, вале ғарқи об шуд.Феълан маълум нест, ки тоҷикистонӣ аз беэҳтиётӣ, таъсири нури офтоб ва ё ягон сабаби дигар ғарқ шуд.Манбаъ маконеро, ки он ҷо шаҳрванди Тоҷикистон ғарқ шуд, Боғи 300 - солагӣ унвон кард.Гуфта мешавад, танҳо давоми як рӯз дар шаҳри Санкт - Петербург се нафар бар асари ғарқшавӣ ҷон бохтанд. Ҳамчунин ду каси дигар бар асари оббозӣ шадидан маҷрӯҳ шуданд.Рекорд: Маскавро гармои тоқатфарсо фаро гирифтМаврид ба зикр аст, ки дамои ҳаво дар Русия ба таври бесобиқа тафсон шудааст.Дар шаҳри Санкт - Петербург чунин гармои шадид охирон бор соли 1917 ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210420/fojia-qahramoni-noboligh-tojik-modar-najot-1038808253.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санкт - петербург, ҷавон, тоҷик, ғарқ
санкт - петербург, ҷавон, тоҷик, ғарқ
Ҷавони 20 - солаи тоҷик дар Петербург ғарқи об шуд
15:36 23.06.2021 (Навсозишуда: 16:37 23.06.2021) Ҷавон барои наҷот ёфтан аз гармои шадид оббозӣ рафт, вале ҷонашро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург ғарқи об шуд, хабар медиҳад "Фонтанка" бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ба иттилои манбаъ, ҷавон ҳамагӣ 20 сол дошт ва ҳамроҳ бо дӯстони худ барои наҷот ёфтан аз гармои шадид ба оббозӣ рафт, вале ғарқи об шуд.
Феълан маълум нест, ки тоҷикистонӣ аз беэҳтиётӣ, таъсири нури офтоб ва ё ягон сабаби дигар ғарқ шуд.
Манбаъ маконеро, ки он ҷо шаҳрванди Тоҷикистон ғарқ шуд, Боғи 300 - солагӣ унвон кард.
Гуфта мешавад, танҳо давоми як рӯз дар шаҳри Санкт - Петербург се нафар бар асари ғарқшавӣ ҷон бохтанд. Ҳамчунин ду каси дигар бар асари оббозӣ шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дамои ҳаво дар Русия ба таври бесобиқа тафсон шудааст.
Дар шаҳри Санкт - Петербург чунин гармои шадид охирон бор соли 1917 ба қайд гирифта шудааст.