https://sputnik.tj/20210420/fojia-qahramoni-noboligh-tojik-modar-najot-1038808253.html
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо ишора ба зиёд шудани ғарқшавии кӯдакону ноболиғон аз волидон даъват намудааст, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд
2021-04-20T14:45+0500
2021-04-20T14:45+0500
2021-04-20T15:13+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ғарқ
ҳодиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_0:9:1920:1089_1920x0_80_0_0_252b42b8bf5e2960e52c3425e1850ca6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. КҲФ аз фоҷиае дар ноҳияи Ёвон хабар додааст, ки ҳангоми барои об рафтани модари ҷавон бо духтарчаи 6-солааш рух додааст. Манбаъ мегӯяд, 18-уми апрели соли равон, модари ҷавон, сокини деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, ҳамроҳи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои об меравад. Дар зимн ин ҳолро талабаи синфи 11, сокинаи деҳаи мазкур дида, худро ба об меандозаду модарро наҷот медиҳад. Ҷасади духтарча рӯзи дигар 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда шуда, ба хешовандонаш супорида шуд. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону ноболиғон дар ҳавзу дарёҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранду аз оббозӣ дар маконҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд, худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20201114/KHF-guft-chand-kastro-najot-dodu-chand-nafari-digar-garq-shud-1032272736.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_85:0:1793:1281_1920x0_80_0_0_3c65de606a68169a19b75bba988be667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, фоҷиа, ғарқ
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
14:45 20.04.2021 (Навсозишуда: 15:13 20.04.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо ишора ба зиёд шудани ғарқшавии кӯдакону ноболиғон аз волидон даъват намудааст, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. КҲФ аз фоҷиае дар ноҳияи Ёвон хабар додааст, ки ҳангоми барои об рафтани модари ҷавон бо духтарчаи 6-солааш рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, 18-уми апрели соли равон, модари ҷавон, сокини деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, ҳамроҳи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои об меравад.
“Замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад. Модари ҷавон, саросемавор худро ба об мезанад, аммо об аллакай кӯдакро бурда буд ва худи ҷавонзан низ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор гирифтааст”, - иттилоъ дод КҲФ.
Дар зимн ин ҳолро талабаи синфи 11, сокинаи деҳаи мазкур дида, худро ба об меандозаду модарро наҷот медиҳад. Ҷасади духтарча рӯзи дигар 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда шуда, ба хешовандонаш супорида шуд.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону ноболиғон дар ҳавзу дарёҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранду аз оббозӣ дар маконҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд, худдорӣ намоянд.