https://sputnik.tj/20210623/ghasb-fasod-joyi-kor-bozor-manzil-ahdof-raisi-1040376267.html
Маҳви фасод, эҷоди ҷойи кору бозори манзил: аҳдофе, ки Раисӣ назди худ гузоштааст
Маҳви фасод, эҷоди ҷойи кору бозори манзил: аҳдофе, ки Раисӣ назди худ гузоштааст
Sputnik Тоҷикистон
Саид Иброҳими Раисӣ ният дорад, фасодро дар Эрон решакан кунаду ҷойҳои бештари кориро барои мардум таъсис диҳад
2021-06-23T09:30+0500
2021-06-23T09:30+0500
2021-06-23T12:29+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
президент
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040345586_0:0:1497:842_1920x0_80_0_0_6b0fa700f2b73ffe5224fa76a8e7c961.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоби Эрон, дар нахустин нишасти хабарии худ ба Sputnik гуфт, ки нахустин фармони ӯ ба ҳайси раиси иҷроия фармоне барои аз байн бурдани фасод, эҷоди ҷойҳои корӣ ва бозори манзил хоҳад буд.Дар идома Раисӣ амрикоиёнро дар вайрон намудани Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак муттаҳам ва ҳамзамон аврупоиҳоро дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ гунаҳкор кард.“Маслиҳати ман ба амрикоиҳо ин аст, ки ба ӯҳдадориҳои худ баргарданд ва онҳоро иҷро кунанд. Ва аврупоиҳо набояд зери фишори ИМА "ғарқ шаванд" ва аз паи онҳо раванд, бигзор онҳо танҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд. Мардуми Эрон танҳо мехоҳанд, ки аврупоиҳо ваъдаҳои худро дар доираи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак иҷро кунанд. Мардуми Эрон мехоҳанд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Ва мо ин ҳуқуқҳоро дифоъ хоҳем кард".Зимнан, кишвардори нав ба масъалаи таҳримҳо дахл намуда талаб кард, ки Амрико вазифадор аст, ки тамоми таҳримҳои шадид алайҳи мардуми Эронро лағв кунад.Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Иброҳим Раисӣ 62% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.Дар интихобот 48,8% аҳолӣ ширкат варзиданд, ки камтарин шумора дар интихоботи президентӣ пас аз эълони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1979 мебошад.
https://sputnik.tj/20210531/prezidenti-nav-eron-dushanbe-zohidi-tehron-1039846901.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040345586_0:0:1497:1124_1920x0_80_0_0_7fc56073eabe5b9fe83c13ea3cb0c51f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, иброҳим раисӣ
Маҳви фасод, эҷоди ҷойи кору бозори манзил: аҳдофе, ки Раисӣ назди худ гузоштааст
09:30 23.06.2021 (Навсозишуда: 12:29 23.06.2021) Саид Иброҳими Раисӣ ният дорад, фасодро дар Эрон решакан кунаду ҷойҳои бештари кориро барои мардум таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоби Эрон, дар нахустин нишасти хабарии худ ба Sputnik гуфт, ки нахустин фармони ӯ ба ҳайси раиси иҷроия фармоне барои аз байн бурдани фасод, эҷоди ҷойҳои корӣ ва бозори манзил хоҳад буд.
“Ҳамаи ин мушкилот (фасод ва ришвахорӣ - шарҳи Sputnik) аз ҷониби ҳукумати ман ислоҳ карда мешавад. Ва қадамҳои аввалине, ки мо хоҳем гузошт, таваҷҷӯҳ ба ташкили шуғли пурра ва ҳалли вазъи манзил (масъалаи амволи ғайриманқул) -и одамон хоҳад буд”, - афзудааст кишвардори тозаинтихоби Эрон.
Дар идома Раисӣ амрикоиёнро дар вайрон намудани Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак муттаҳам ва ҳамзамон аврупоиҳоро дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ гунаҳкор кард.
“Маслиҳати ман ба амрикоиҳо ин аст, ки ба ӯҳдадориҳои худ баргарданд ва онҳоро иҷро кунанд. Ва аврупоиҳо набояд зери фишори ИМА "ғарқ шаванд" ва аз паи онҳо раванд, бигзор онҳо танҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд. Мардуми Эрон танҳо мехоҳанд, ки аврупоиҳо ваъдаҳои худро дар доираи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак иҷро кунанд. Мардуми Эрон мехоҳанд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Ва мо ин ҳуқуқҳоро дифоъ хоҳем кард".
Зимнан, кишвардори нав ба масъалаи таҳримҳо дахл намуда талаб кард, ки Амрико вазифадор аст, ки тамоми таҳримҳои шадид алайҳи мардуми Эронро лағв кунад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Иброҳим Раисӣ 62% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.
Дар интихобот 48,8% аҳолӣ ширкат варзиданд, ки камтарин шумора дар интихоботи президентӣ пас аз эълони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1979 мебошад.