Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Суоли рӯз: дар Тоҷикистон кадом навъи COVID-19 пайдо шудааст?

© Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе на барахолке
Жители Душанбе на барахолке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таҳқиқотҳоро барои маълум кардани штамм ё навъи COVID-19 дар кишвар шуруъ кардааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир тамоми ташхисҳои мусбат аз сӯи мутахассисони вазорат таҳти омӯзиш қарор дода шудаанд, то санаду шавоҳид барои муайян кардани навъи “вируси корона” ҷамъоварӣ шавад.
“Қаблан мо чанд намунаро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба озмоишгоҳҳои Маскаву Русия барои таҳқиқ фиристода будем, то сифати онҳо маълум гардад. Ҳоло расмиёти намунаҳо ва хулосаҳои ибтидоиро омода карда, ҷиҳати маълум кардани штамм ё навъи COVID-19 ба озмоишгоҳҳои хориҷӣ мефиристем, зеро технологияи он дар кишвари мо мавҷуд нест”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Дирӯз, 21 июн, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” – и Тоҷикистон аз ошкор шудани аввалин мавориди гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар иттилоъ дод.
Расман аз 31 декабри соли гузашта то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз ин маризӣ сабт нашуда буд. Дар ҳамин ҳол, қабл аз эълони расмии мавридҳои гирифторӣ ба “вируси корона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳои расман таъйид ношуда дар бораи хуруҷи дубораи он паҳн шуда буданд.
Дар ин гузоришҳо аз бистарӣ шудани афроде суҳбат мешуд, ки аз сафари Ҳиндустону Инглистон ба Тоҷикистон омада буданд.
Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коршинос: бурузи дубораи коронавирус ба муҳоҷирон мушкилӣ эҷод мекунад
Ба бовари мутахассисони тибб, ки нахостанд номашонро зикр кунем, дар ҳоли ҳозир бештарин ва хатарноктарин штамҳо “бритониёӣ” ва “ҳиндӣ” шинохта мешаванд ва мавориди гирифторӣ ба онҳо дар Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия, кишварҳое, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзӣ ва равобити бештарро доранд, сабти ном шудаанд.
Онҳо мегӯянд, ба ин далел ки “вируси корона” вобаста ба боду ҳавои кишварҳои ҳузураш сифати худро тағйир медиҳад, эҳтимол дорад, дар Тоҷикистон бо чеҳра ё штамми дигар зоҳир шавад.
Лентаи хабарҳо
0