https://sputnik.tj/20210601/tojikistonu-chin-voridot-vaksina-coronavac-1039892056.html
Созиши Тоҷикистону Чин сари воридоти 300 ҳазор воя ваксинаи "CoronaVac"
Созиши Тоҷикистону Чин сари воридоти 300 ҳазор воя ваксинаи "CoronaVac"
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ворид намудани ваксинаи ба сифати кӯмаки башардӯстона ба созиш расидааст
2021-06-01T17:09+0500
2021-06-01T17:09+0500
2021-06-01T17:09+0500
дар тоҷикистон
чин
вазорати тандурустӣ
эмгузаронӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_0:62:1200:737_1920x0_80_0_0_f881861cc8f4df50030fa71d33622619.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Ҷафаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ созиш барои воридоти ваксинаи чинии "CoronaVac" ҳосил шуд, хабар додааст "Ховар".Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, 300 ҳазор воя буда, барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.Наврӯз Ҷафаров, гуфтааст, ҳоло масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили "CoronaVac" ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.Номбурда қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст.Гуфта мешавад, аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории COVID-19 бо ваксинаи "AstraZeneca" эм шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад. Ин масъули вазорат вобаста ба ваксинаи "Спутник V" гуфтааст, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта, масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавроф низ зимни сафараш ба Душанбе гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон хоҳад дод.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аллакай бо ваксинаи AstraZeneca, ки дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад, алайҳи коронавирус эм мекунад.Бо вуҷуди ин, аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаҳои Русия бештар эътимод доранд, гуфт сарвазир Коҳир Разулзода дар мулоқот бо ҳамтои худ Михаил Мишустин.Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз коронавирус таъсис дода шудааст.Тибқи Нақшаи миллии эмкунӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла табибон, мураббиён ва шаҳрвандони аз 50-сола боло ваксинаи AstraZeneca мегиранд.Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ният дорад, ки беш аз 6 миллион шаҳрвандонро эм кунад. Аксари онҳо - 5,8 миллион - Sputnik V мегиранд.
https://sputnik.tj/20210423/tojikiston-fehrasti-girandagoni-milliard-dollar-vaksina-1039005006.html
https://sputnik.tj/20210519/rusiya-tojikiston-vaksinai-roygon-1039542705.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_2356cad517a531903205794864de2b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, тоҷикистон, чин, воридот, ваксина, "coronavac"
созиш, тоҷикистон, чин, воридот, ваксина, "coronavac"
Созиши Тоҷикистону Чин сари воридоти 300 ҳазор воя ваксинаи "CoronaVac"
Бинобар сабаби вазъи бади эпидемиологӣ дар Ҳиндустон ин кишвар дигар ба Тоҷикистон ваксина ворид намекунад, бинобар ин Душанбе бо Пекин сари воридоти давои зидди коронавирус ба сифати кумаки башардӯстона ба созиш расидааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Ҷафаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ созиш барои воридоти ваксинаи чинии "CoronaVac" ҳосил шуд, хабар додааст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, 300 ҳазор воя буда, барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.
Наврӯз Ҷафаров, гуфтааст, ҳоло масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили "CoronaVac" ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Номбурда қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст.
Гуфта мешавад, аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории COVID-19 бо ваксинаи "AstraZeneca" эм шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад.
Ин масъули вазорат вобаста ба ваксинаи "Спутник V" гуфтааст, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта, масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавроф низ зимни сафараш ба Душанбе гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аллакай бо ваксинаи AstraZeneca, ки дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад, алайҳи коронавирус эм мекунад.
Бо вуҷуди ин, аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаҳои Русия бештар эътимод доранд, гуфт сарвазир Коҳир Разулзода дар мулоқот бо ҳамтои худ Михаил Мишустин.
Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз коронавирус таъсис дода шудааст.
Тибқи Нақшаи миллии эмкунӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла табибон, мураббиён ва шаҳрвандони аз 50-сола боло ваксинаи AstraZeneca мегиранд.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ният дорад, ки беш аз 6 миллион шаҳрвандонро эм кунад. Аксари онҳо - 5,8 миллион - Sputnik V мегиранд.