Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Муҳаммадиев гуфт, ба Тоҷикистон барои пирӯзӣ бар мавҷи нави коронавирус чӣ кумак мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешРуководитель Департамента здравоохранения Международной федерации обществ Красного Креста и Красного Полумесяца в Европе Даврон Мухамадиев, архивное фото
Руководитель Департамента здравоохранения Международной федерации обществ Красного Креста и Красного Полумесяца в Европе Даврон Мухамадиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон: ситоди ҷумҳуриявӣ аз сироятёфтани сокинон ба коронавирус ишора кард, аммо шумори гирифторон ба COVID-19-ро дақиқи накард. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард, шарҳ дод мутахассиси соҳаи тиб
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Даврон Муҳамадиев, сардори раёсати тандурустии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (минтақаи Аврупо), тавзеҳ дод, ки чӣ гуна Тоҷикистон метавонад бо коронавирус, ки имрӯзҳо боз дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, мубориза барад.
Коршинос гуфт дақиқ намедонад ситоди ҷумҳуриявӣ барои мубориза бо COVID-19 чӣ тадбирҳо меандешад, аммо дар бораи чораҳои оддӣ ёдрас шуд, ки борҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар гузашта тавсия дода шуда буд.
"Пеш аз ҳама, ин риояи тамоми чораҳои пеш тасдиқ шуда буд, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак ва канорагирӣ аз ҷойҳои серодам мебошад. Ин қоидаҳои хеле содда, вале хеле муҳим мебошанд", - гуфт намояндаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.
Муҳаммадиев илова кард, ки нигоҳ доштани тавозун миёни чораҳои тиббии эпидемиологӣ ва хавфҳои иқтисодӣ ҳамеша муҳим мебошад.
"Боз ҳам, агар имкон бошад, чорабиниҳои оммавиро барои пешгирӣ аз издиҳоми мардум маҳдуд карда шавад. Барои пешгирӣ аз сироят, ин ба нақлиёти ҷамъиятӣ низ дахл дорад", - илова кард мутахассис.
Даврон Муҳаммадиев қайд кард, ки ваксиназании аҳолӣ имрӯз як иқдоми ниҳоят муҳим аст.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Доктори илми тиб ёдовар шуд, ки ваксина кардани сокинон дар Тоҷикистон аллакай оғоз шудааст ва ваксинаҳо ба гурӯҳҳои афзалиятнок дода мешаванд.
"Зарур аст, ки бо манбаъҳое, ки аз лозим набудани ваксинагирӣ хабар медиҳанд, кор кард. Эмгузаронӣ омили хеле муҳим барои коҳиши назарраси фавт аст, бинобар ин, одамони ваксинагирифта, ҳатто агар онҳо бемор шаванд ҳам, дар муқоиса бо одамони эмнашуда хавфи камтари сироятшавӣ доранд. Аз ин рӯ, бояд маҷмӯи чораҳо андешида шаванд", - гуфт мутахассис.
Муҳаммадиев аз посухи он, ки оё роҳҳои иртиботӣ баста мешаванд, чунки ин масъалаи тибби нест балки масъалаи иқтисодист, худдорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0