Келини 19-сола дар дуздии 250 ҳазор сомонии хусураш муттаҳам мешавад

CC0 / Pexels / Девушка у окна, архивное фото
Девушка у окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Маъмурини милиса дар шаҳри Душанбе келини 19-соларо дар дуздии маблағи хусураш, сокини ноҳияи Фирдавсӣ муттаҳам мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 54-сола муроҷиат карда, аз дуздии маблағаш хабар додааст.
Манбаъ афзуд, ки муроҷиаткунанда, сокини ноҳияи Фирдавсӣ изҳор доштааст, ки моҳи феврали соли равон, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 250 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келинаш ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо содир намудааст", - омадааст дар иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2020
Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео
Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолат нест, ки килини хона барои ғорати хусур муттаҳам мешавад. Қаблан низ ВКД аз ду чунин ҳодиса хабар дода буд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дуздӣ яке аз ҷиноятҳои нисбатан зиёд содиршаванда дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад, ки дар бисёри ҳолатҳо худи наздикони ҷабрдида дар он даст доранд.
Лентаи хабарҳо
0