ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, мақомоти пулис бо ин ҷурм Абдуллоева Мусаллама Қиёмиддиновнаи 21-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлобро боздошт кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Абдуллоева Мусаллама барои дуздии маблағҳои пасандози падаршавҳараш Қосимов Саидамон, сокини ҳамин шаҳр муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд, Абдуллоева бо истифода аз калид қулфи дари оҳании дар пойни ҳавлии падаршавҳараш бударо кушода, аз дохили он 60 ҳазор доллари ӯро гирифтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, келини хонадон маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардашро ба фоида худ сарф карда, ҷиҳози рӯзгор харидааст.
“Ҳамзамон аз ин маблағ ду автомашинаи тамғаи “Лексус” ва як “Киа” харида, бо ин кирдораш ба падаршавҳараш Қосимов Саидамон ҷамъ ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст”,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, нисбат ба Абдуллоева Мусаллама парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Феълан назари ҷониби гумонбаршаванда ва тарафи ҳимояааш оид ба қазия феълан муаян нест.
Арӯс хусурро мезад: тафсилоти куштори келини бевамонда бо табар дар Истаравшан - Видео
Ёдовар мешавем, ғорати падаршавҳар аз сӯи келини хона бори нахуст набуда, қаблан низ сокини 66-солаи ноҳияи Восеъ дар бораи дуздии маблағҳояш аз ҷониби келини 19-солааш ба пулис шикоят карда буд.