Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Ҷаъфаров гуфт, барои интиқоли ваксинаҳои Русия ба Тоҷикистон созиш шуд: як ҳуҷҷат монд

© Авиакомпания Aerolíneas Argentinas / Гузариш ба медиабонкПрибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину
Прибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Пеш аз интиқоли ваксинаи Русия ба Тоҷикистон, танҳо қабули як санад боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Тоҷикистон барои гирифтани ваксинаи Русия омодагӣ мегирад, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҷаъфаров дар суҳбат бо "Интерфакс" изҳор доштааст, ки таъминоти ваксинаи Sputnik V дар ҳамаи сатҳҳо ҳамоҳанг шудааст. Аз ҷумла дар сатҳи сарони давлатҳо, сарвазирон ва вазирони тандурустии ду кишвар.
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксин алайҳи коронавирусро дастрас кард
Ин мақомдори тандурустӣ дар Тоҷикистон илова намуд, ки Сарраёсати назорати фармакологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тамоми корҳои омодагиро барои сабти номи ваксинаҳои Русия анҷом додааст.
Эпидемиологи тоҷик тавзеҳ дод, ки барои ворид кардани ваксина ба кишвар танҳо як қадам боқӣ мондааст:
Ҳукумати Русия бояд дастури расмӣ ба Вазорати саноат дар мавриди ҷудо кардани квотаи муайяни ваксинаҳоро барои Тоҷикистон қабул кунад.
Интизор меравад, ки Русия ба Тоҷикистон 100 000 дона ваксинаи Sputnik V-ро ройгон диҳад.
Лентаи хабарҳо
0