https://sputnik.tj/20210621/holiqzoda-sabab-vaksinagiri-nombar-kard-1040340757.html
Холиқзода се сабаби асосии ваксинагирияшро номбар кард
Холиқзода се сабаби асосии ваксинагирияшро номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан мудири Бемористони Ибни Сино пешниҳод намуд, ки дар масъалаи ваксин задани аҳолӣ набояд шитобкорӣ кард
2021-06-21T17:00+0500
2021-06-21T17:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033116248_0:219:1000:782_1920x0_80_0_0_3d3f134b81c92745b998a781513852b5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Ахиран мудири Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Дар ҳоле, ки ӯ қаблан ба шитобкорӣ роҳ надодан дар ин масъала даъват намуда буд.Хабари ваксин гирифтанро худи Холиқзода дар сафҳаи Фейсбукияш гузошта шарҳ дод, ки чаро ӯ бо AstraZeneca эм шуд.Мудири Бемористони Ибни Сино ваксингирии худро ба се омили асосӣ раб дод.Ӯ мегӯяд, нахуст ин ваксин ба дармонгоҳи онҳо ворид шуд ва барои тамоми кормандон басандагӣ кард.Омили дуввумро ба он рабт дод, ки антител - подтанҳои ӯ ба маротиб коҳиш ёфтанд.Ва ниҳоят, ӯ хулосабарории коршиносони ғарбро иқтибос овардааст, ки гӯё оризаҳои эмкунӣ дар муқоиса ба оризаҳое, ки ин беморӣ ба вуҷуд меорад, бамаротиб заифанд.Холиқзода ҳамзамон таъкид намуд, ки эмгузаронӣ танҳо роҳест, ки аз ин маризӣ метавон ҷилавгирӣ кард.Дар идома ӯ қайд намуд, ки бо коршиносон дар мавриди зарур будани эмгирӣ ҳамфикр аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, "агар ба ваксин гирифтан дастрасӣ дошта бошанд, пас бидуни дудилагӣ худро бо роҳи ваксингирӣ эмин намоянд".Холиқзода ҳанӯз моҳи апрел дар сафҳаи Фейсбукии худ навишта буд, ки Тоҷикистон набояд дар масъала ваксин кардани шаҳрвандон шитоб кунад.Ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки ин ваксин ба таври лозима омӯхта нашудааст.Олимони Оксфорд роҳи нави табобати фаврии коронавирусро пайдо карданд"Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем? Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем, - навишта буд он замон Холиқзода.Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксини истеҳсоли Чин ворид гардид.
https://sputnik.tj/20210621/tojikiston-vaksin-dastras-1040328296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033116248_0:126:1000:876_1920x0_80_0_0_6a619e22bbcc7eae0213df77c65f2e1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдухалил холиқзода, ваксин, эм
абдухалил холиқзода, ваксин, эм
Холиқзода се сабаби асосии ваксинагирияшро номбар кард
17:00 21.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Қаблан мудири Бемористони Ибни Сино пешниҳод намуд, ки дар масъалаи ваксин задани аҳолӣ набояд шитобкорӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Ахиран мудири Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Дар ҳоле, ки ӯ қаблан ба шитобкорӣ роҳ надодан дар ин масъала даъват намуда буд.
Хабари ваксин гирифтанро худи Холиқзода дар сафҳаи Фейсбукияш гузошта шарҳ дод, ки чаро ӯ бо AstraZeneca эм шуд.
Мудири Бемористони Ибни Сино ваксингирии худро ба се омили асосӣ раб дод.
Ӯ мегӯяд, нахуст ин ваксин ба дармонгоҳи онҳо ворид шуд ва барои тамоми кормандон басандагӣ кард.
Омили дуввумро ба он рабт дод, ки антител - подтанҳои ӯ ба маротиб коҳиш ёфтанд.
Ва ниҳоят, ӯ хулосабарории коршиносони ғарбро иқтибос овардааст, ки гӯё оризаҳои эмкунӣ дар муқоиса ба оризаҳое, ки ин беморӣ ба вуҷуд меорад, бамаротиб заифанд.
Холиқзода ҳамзамон таъкид намуд, ки эмгузаронӣ танҳо роҳест, ки аз ин маризӣ метавон ҷилавгирӣ кард.
Дар идома ӯ қайд намуд, ки бо коршиносон дар мавриди зарур будани эмгирӣ ҳамфикр аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, "агар ба ваксин гирифтан дастрасӣ дошта бошанд, пас бидуни дудилагӣ худро бо роҳи ваксингирӣ эмин намоянд".
Холиқзода ҳанӯз моҳи апрел дар сафҳаи Фейсбукии худ навишта буд, ки Тоҷикистон набояд дар масъала ваксин кардани шаҳрвандон шитоб кунад.
Ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки ин ваксин ба таври лозима омӯхта нашудааст.
"Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем? Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем, - навишта буд он замон Холиқзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксини истеҳсоли Чин ворид гардид.