Душанбе мизбони ҷаласаи котибони амнияти кишварҳои узви СҲШ мешавад

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонНасрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Душанбе мизбони ҷаласаи 16-уми шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 22-23 июн дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода бо ҳузури ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари СҲШ, аз ҷумла Николай Патрушев аз Русия дар назар аст.
СҲШ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, имсол 20-солагияшро таҷлил мекунад. Соли 2017 ба СҲШ Ҳиндустон ва Покистон пазируфта шуданд. Соли равон роҳбарӣ дар созмони мазкурро Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Армен Григорян,  дабири Шӯрои амнияти Арманистон ва ҳамтои тоҷикаш Насрулло Маҳмудзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Нома ва занги изтиробии дабири амнияти Арманистон ба Душанбе: вокуниши Тоҷикистон
Ба навиштаи “Ховар”, мулоқотҳои котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай механизми ҳамоҳангсозию машваратии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ дар соҳаи амният мебошад.
Ҳадафҳои асосии мулоқоти котибони шӯроҳои амният тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг сохтани муборизаи муштарак бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, силоҳи ғайриқонунии тиҷоратӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад.
Дар ҷаласаи котибони амният инчунин метавонанд ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ, дабири кулли СҲШ, мудири Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ки ин мақомро намояндаи Тоҷикистон - Ҷумъахон Ғиёсов бар уҳда дорад, иштирок кунанд.
Лентаи хабарҳо
0