https://sputnik.tj/20210518/noma-zang-amniyat-armaniston-tojikiston-1039518349.html
Нома ва занги изтиробии дабири амнияти Арманистон ба Душанбе: вокуниши Тоҷикистон
Нома ва занги изтиробии дабири амнияти Арманистон ба Душанбе: вокуниши Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Армен Григорян, дабири Шӯрои амнияти Арманистон тавассути нома ва занги телефонӣ аз ҳамтои тоҷикаш хостори вокуниши сареҳи ин созмон ба "дастдарозӣ ба қаламраваш" шудааст
2021-05-18T12:52+0500
2021-05-18T12:52+0500
2021-05-18T12:57+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
арманистон
марз
низоъ
озарбойҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039517724_0:3:600:341_1920x0_80_0_0_c0ef6c6905e5e93484421cae2c84e1c4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Армен Григорян ҳамтои тоҷикаш Насрулло Маҳмудзодаро тариқи як нома бо шиддати вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон огоҳ карда, изҳор доштааст, ки амали Озарбойҷонро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ медонад. Ба иттилои ҷониби Арманистон аз 12 май нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо баҳонаи аломатгузории марзҳо дар қисматҳои Сюник, Гегаркуник ва Вайотс Дзоре ҳудуди се километр пеш омадаанд. Арманистон ин амалро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ хонда, аз Озарбойҷон хоастааст, қувваҳояшро пас гираду ҳамзамон ба СААД муроҷиат кардааст. Аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба раиси СААД муроҷиат карда, аз таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Арманистон ҳамчун як кишвари узви созмон хабар дод. Насрулло Маҳмудзода дар пайи ин муроҷиат бо ҳамтои арманаш суҳбати телефонӣ карда, изҳор доштааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон ҳамчун раиси СААД омодаи кумак барои ҳалли мусолиматомези низоъ миёни Арманистону Озарбойҷон мебошад. Дар ин робита интизор меравад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии СААД рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад. Армен Григорян инчунин хостори ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД шуда, таъкид намудааст, ки мавқеи созмон дар ин масъала муҳим буда, муайянкунандаи имиҷи он мебошад. Ба иттилои Шӯрои амнияти Арманистон, Григорян бо Маҳмудзода шеваҳои вокунишро, ки дар санадҳои меъёрии СААД пешбинӣ шудаанд, баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.
https://sputnik.tj/20210514/pashinyan-az-rahmon-kumak-host-1039458556.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039517724_67:0:600:400_1920x0_80_0_0_083ab851d26ce96beab0fa340aea4f49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, марз, вокуниш
Нома ва занги изтиробии дабири амнияти Арманистон ба Душанбе: вокуниши Тоҷикистон
12:52 18.05.2021 (Навсозишуда: 12:57 18.05.2021) Армен Григорян, дабири Шӯрои амнияти Арманистон тавассути нома ва занги телефонӣ аз ҳамтои тоҷикаш Насрулло Маҳмудзода, роҳбари Кумитаи котибони амнияти СААД хостори вокуниши сареҳи ин созмон ба "дастдарозӣ ба қаламраваш" шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Армен Григорян ҳамтои тоҷикаш Насрулло Маҳмудзодаро тариқи
як нома бо шиддати вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон огоҳ карда, изҳор доштааст, ки амали Озарбойҷонро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ медонад.
Ба иттилои ҷониби Арманистон аз 12 май нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо баҳонаи аломатгузории марзҳо дар қисматҳои Сюник, Гегаркуник ва Вайотс Дзоре ҳудуди се километр пеш омадаанд. Арманистон ин амалро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ хонда, аз Озарбойҷон хоастааст, қувваҳояшро пас гираду ҳамзамон ба СААД муроҷиат кардааст.
Аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба раиси СААД муроҷиат карда, аз таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Арманистон ҳамчун як кишвари узви созмон хабар дод.
Насрулло Маҳмудзода дар пайи ин муроҷиат бо ҳамтои арманаш суҳбати телефонӣ карда, изҳор доштааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон ҳамчун раиси СААД омодаи кумак барои ҳалли мусолиматомези низоъ миёни Арманистону Озарбойҷон мебошад.
Дар ин робита интизор меравад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии СААД рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.
Армен Григорян инчунин хостори ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД шуда, таъкид намудааст, ки мавқеи созмон дар ин масъала муҳим буда, муайянкунандаи имиҷи он мебошад.
Ба иттилои Шӯрои амнияти Арманистон, Григорян бо Маҳмудзода шеваҳои вокунишро, ки дар санадҳои меъёрии СААД пешбинӣ шудаанд, баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.