https://sputnik.tj/20210619/pul-maqomot-ogoh-barrasi-tahti-rayosati-rustami-emomali-1040313413.html
Пуле, ки аз он бояд мақомотро огоҳ сохт, дақиқ шуд: баррасӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ
Пуле, ки аз он бояд мақомотро огоҳ сохт, дақиқ шуд: баррасӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 июн ҷаласаи Маҷлиси миллиро даъват кардааст, ки дар он баррасии тағйироти ҷадид дар қонунҳои кишвар ва иваз намудани номи бархе аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ дар назар аст
2021-06-19T14:31+0500
2021-06-19T14:31+0500
2021-06-19T14:38+0500
дар тоҷикистон
тағйирот
ном
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ аз ҷумла иловаҳо ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” баррасӣ мешаванд, ки алайҳи пулшӯӣ равона шудааст. Бар асоси ин тағйирот нотариусҳои Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки аз амалиёти молумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ мақомоти дахлдорро огоҳ кунанд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот дар палатаи поёнии парлумон гуфт, нотариусҳо вазифадор гардиданд, аз амалиёти нотраиалии ба маблағи беш аз 1 ҳазору 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба мақомот хабар диҳанд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли равон муодили 60 сомонӣ мебошад. Инчунин нотариусҳо муваззаф мешаванд, аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд. Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом имкон медиҳад, ки бо пулшӯӣ дар кишвар ё худ қонунигардонии маблағе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, мубориза бурда шавад. Ин меъёрҳо баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имзои президент ва нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳанд гирифт. Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ нчунин масъалаҳо оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҷойномҳо, ки асосан дар 8 шаҳру навоҳии вилояти Суғд сурат мегиранд, ҷонибдорӣ намуд. Инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, иловаҳо ба қонун “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20181028/Habsi-general--mayori-volomaqomi-tojik-baroi-pora-pulshuyi-va-nashajallobi-1027261455.html
https://sputnik.tj/20210613/qaror-hukumat-nom-nav-nohiya-tojikiston-1040189445.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷлиси миллӣ, огоҳ, пул, мардум
маҷлиси миллӣ, огоҳ, пул, мардум
Пуле, ки аз он бояд мақомотро огоҳ сохт, дақиқ шуд: баррасӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ
14:31 19.06.2021 (Навсозишуда: 14:38 19.06.2021) Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 июн ҷаласаи Маҷлиси миллиро даъват кардааст, ки дар он баррасии тағйироти ҷадид дар қонунҳои кишвар ва иваз намудани номи бархе аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ аз ҷумла иловаҳо ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” баррасӣ мешаванд, ки алайҳи пулшӯӣ равона шудааст.
Бар асоси ин тағйирот нотариусҳои Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки аз амалиёти молумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ мақомоти дахлдорро огоҳ кунанд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот дар палатаи поёнии парлумон гуфт, нотариусҳо вазифадор гардиданд, аз амалиёти нотраиалии ба маблағи беш аз 1 ҳазору 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба мақомот хабар диҳанд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли равон муодили 60 сомонӣ мебошад.
Инчунин нотариусҳо муваззаф мешаванд, аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд. Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом имкон медиҳад, ки бо пулшӯӣ дар кишвар ё худ қонунигардонии маблағе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, мубориза бурда шавад.
Ин меъёрҳо баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имзои президент ва нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ нчунин масъалаҳо оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҷойномҳо, ки асосан дар 8 шаҳру навоҳии вилояти Суғд сурат мегиранд, ҷонибдорӣ намуд.
Инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, иловаҳо ба қонун “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро баррасӣ мекунанд.