Қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар 8 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар 8 шаҳру навоҳии шимоли ҷумҳуриро имзо кард
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон бо имзои қарори Ҳукумат пешниҳоди Маҷлиси вакилони Суғдро барои тағйири номҳо дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят дастгирӣ карда, барои тасвиб ба Маҷлиси миллӣ фиристод.
Аз ҷумла бар асоси қарор дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад иваз карда шуда, деҳаҳои Чорқишлоқ -Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд.
Дар шаҳри Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд.
Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Монумент Исмаила Самани, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2018
Оё шаҳри Душанбе ҳам номгардон мешавад?
Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён ва деҳаи Ҷомӣ ба Сомониён табдили ном кард.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон табдили ном карданд.
Тағйироти мазкур зери имзои раисиҷумҳур барои тасвиб ба Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0